Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд

Март 18, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон буда, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

— Наврӯз яке аз ҷашнҳое мебошад, ки фарҳанги таърихии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарии ҷашни бостонии Наврӯз бо дастгирии аксари давлатҳои олам бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро соҳиб гардид, ки ин боиси ифтихори мардуми фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии муваффақ ва дипломатияи созанда таҳким ёфта, шароит барои қабули меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ва таъмини зиндагии арзандаи сокинон муҳайё карда шуд. Ин корҳо ба афзоиши шумораи сайёҳон ва ҷалби сармоя мусоидат мекунанд.

Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд иброз шудааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.

Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав баргузор карда мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки Офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Аксар сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён, дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». Дар солшумории шамсӣ «Наврӯз» ба рӯзи аввали моҳи фарвардин ва баробаршавии шабу рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки он мутобиқи тақвими григорианӣ 21-22 моҳи мартро ташкил медиҳад. Дар Наврӯз Офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид ва фарорасии Наврӯз аз ҳамон давра оғоз мешавад.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ навиштааст:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Наврӯз рамзи барҷастаи халқи мо дар фарҳанги башарӣ буда, оид ба моҳият ва аҳамияти он бузургони илму адаб, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Хайём, Абурайҳони Беруниву Ибни Балхӣ, Аттору Бедил ва садҳои дигар асарҳои пурқимату ҷолиб офаридаанд.

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр бар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

Дар аҳди бостон иди Наврӯз на камтар аз 4 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо мароми хосса ва дар фазои дӯстиву якдилӣ баргузор мегаштанд. Дар рӯзҳои таҷлили ин ид ҳама гуна хӯрокиҳо аз гулу гиёҳҳои баҳорӣ тайёр карда мешуданд.

Аз маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мардуми давронаш бо покизагардонӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Ҷашнеро, ки  дорои хусусияти хос буда, мардуми фарзонаи ҷумҳурӣ пеш аз таҷлили он хонаҳояшонро тоза менамоянд, занҳо ба пухтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд ва кӯдакони беғам сурудхонон маъракаи гулгардониро назди ҳар хона анҷом медиҳанд.

Яке аз таомҳои миллӣ- суманак,  ки  ифодагари ин ҷашн аст, дар шаби ид бо ҷамъи бонувон ва кӯдакон пухта мешавад. Назди деги суманак рақсу бозӣ ва гулгардонӣ доир шуда, то субҳ идома меёбад. Пас аз омода шудани таоми миллии рамзӣ, хурду калон   либосҳои идона ба бар намуда, вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва бо нозу неъматҳои «ҳафт сину ҳафт шин» дастархони идона оро медиҳанд. Дастархони идона бо маҳорати хос, бо фарҳанги баланди дастархондорӣ оро дода мешавад. Аз ҷумла, рӯйи хони наврӯзиро бо шаҳд, шир, шакар, шароб, шамъ, шоя, шамшод, ё ин ки себ, сипанд, сир, сирко, санҷид, сабзӣ, суманак оро медиҳанд, ки аз дастархондорӣ ва табъу завқи баланди ниёгони мо дарак медиҳанд.

Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро давоми асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ байни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукуҳу шаҳомати тоза пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи марзу бум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст.

Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршеди Ховар баромада, ҳамзамон рӯзу шаб баробар мешаванд ва кулли инсону мавҷудотро руҳу равони тоза ато намуда, онҳоро ба ояндаи нек, рӯзу рӯзгори обод ва пешрафту шукуфоиҳо ва бунёдкориҳову созандагӣ ҳидоят мекунад.

Наврӯз дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон неруву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созанда кишоварзони асилу заҳматқаринро ба шудгору кишту кори баҳорӣ, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳама корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояду мардум аз он роҳату ҳаловат мебаранд.

Наврӯз ҷашни куҳану ҳамешаҷавон буда, бо шукуҳи шаҳомат, бузургиву покманишиаш ба мардуми шарифи сарзамини Тоҷикистон хуррамию некрӯзӣ, сулҳу сафову амният ва фаровонии рӯзафзунро ато намуда, ормонҳои воқеан миллии насли замони Истиқлолиятро дар асл воқеан амалӣ мегардонад. Наврӯз ифодагари ормонҳои миллӣ ҳам ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, халқи тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва инчунин барояшон муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза ҳамасола таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай тавъам медонанд. Тамоми ҷашну ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан дорои сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд, ки боиси ифтихоранд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҳамаи мо, чӣ хурду чӣ бузург дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва инчунин ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештаре дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки шукронаи Роҳбари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамеша барои гиромидошти мероси пурғановати ниёгону ҳифзи тамаддуну арзишҳои миллиамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва ҷашнгирии расму ойинҳои миллӣ, баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодиртарине мебошад, ки он дар тафаккуру шуури насли ҷавону ояндадори даврони соҳибистиқлоли Ватан ҳисси баланди меҳру муҳаббат ба Ватан — Модар, сарзамини аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллиро боз ҳам дар сатҳи баландтар инъикос намуда, ҳамзамон онро ба таври пайваста рушду инкишоф медиҳад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусраташ ба рӯзгори мардуми мо файзу шукуҳи нав оварда, мақому манзалати воло касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст.

Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд ва некӯиро пеша намоянд.

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор 

АКС: АМИТ «Ховар»/ аз манбаъҳои боз

Март 18, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд