Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд

Март 17, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Озмун аз рӯйи намудҳои гуногуни бозиҳои миллӣ, аз ҷумла лалакпаронӣ, бодбарак, чиллак, ланка, ошуқ, арғамчинбозӣ, лакпар ва ҳаппак баргузор гардида, иштирокчиён дар фазои дӯстӣ ва рақобати солим маҳорат нишон доданд.

Эҳё ва рушди бозиҳои миллии ниёгон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад. Ин чорабиниҳо руҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шодиро дар байни мардум тақвият медиҳанд.

Дар фарҷоми озмун ғолибон муайян шуда, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Март 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд