Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу ваҳдат дар фарҳанги мардуми тоҷик мақоми хосса дорад. Чунин гуфта шуд зимни ифтитоҳи намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки дар шаҳри Норак бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ медиҳад.
Иброз гардид, ки бо шарофати саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни аҷдодӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзанда пайдо намуда, ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги башарият эътироф гардид. Бо талошу ташаббусҳои Пешвои миллат Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, дар сатҳи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Дар намоиши фарҳангӣ расму ойинҳои қадимии наврӯзӣ, суннатҳои миллӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз эҳёи табиат ва омад-омади Наврӯз пайк медоданд, манзур гардиданд. Ҳамзамон дар доираи фестивал мусобиқаҳои гуногун ва бозиҳои миллии варзишӣ гузаронида шуда, варзишгарон ва ҷавонон дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорат нишон доданд.
Баргузории намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳри Норак барои эҳё ва гиромидошти суннатҳои қадимии ниёгон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд






