Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад

Март 19, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз, ки аз таърихи куҳани мардуми ориёӣ то ба имрӯз расидааст, гузаштаи таърихии мо — тоҷиконро бо имрӯзу оянда пайванд медиҳад. Ин ҷашн, чи дар гузашта ва чи имрӯз, талқини зебопарастӣ, ба оянда некбин будан ва намоди сулҳу ваҳдату ҳамзистии осоишта дар байни миллатҳои мухталиф мебошад.

Баррасиҳо ва ёфтаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ин ҷашн дар тули таърихи гузашта, ба вижа дар замони таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ба сифати ҷашни сулҳу ваҳдат ва омили ҳамгироиву ҳампазирӣ дар байни миллатҳои гуногун нақши муҳим бозидааст. Имрӯз низ ин ҷашни бузург бо назардошти ҳамин рисолати инсонсозияш таҷлил мешавад. Маҳз ҳамин омил боиси густардатар гардидани доираи таҷлили он гаштааст. Ба ибораи дигар он хусусиятиҳои вижае, ки Наврӯз дорад, ба мисли накукорӣ, хайрхоҳӣ, сарҷамъ овардани миллатҳои гуногун, эҷоди нишоту сурур, ба оянда некбин будан, кинаву адоватро аз дилҳо зудудан, ба якдигар дасти дӯстиву рафоқат додан, дасти пиру барҷомондаву ниёзмандро гирифтан, рӯ ба тозакориву ободгарӣ овардан ва ғайра дигар миллатҳоро водор кардааст, ки аз он бо хушнудӣ истиқбол бикунанд.

Мусаллам аст, ки дар гузаштаи на чандон дур ҷашни Наврӯзро аз оинҳои динӣ хонданд ва барои таҷлили он монеа эҷод намуданд. Рӯшанфикрони мо садо баланд карда, бо далоили раднашаванда собит сохтанд, ки он ба дин ҳеч рабте надорад ва ҳазорҳо сол пеш аз зуҳури дини ислом вуҷуд дошт ва ҷашн гирифта мешуд. Ҳарчанд нигоҳи ҳукуматдорон то ҷое ба ин ҷашни миллии мо дигар шуд, вале на ба сурате ҷашн гирифта мешуд, ки имрӯз мебинем. Аз ин лиҳоз, мо бо итминон метавонем бигӯем, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои фарҳангпарвари миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни сирф миллии мо – Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид, ба сифати ҷашни расмии миллӣ пазируфта шуд ва ҳар сол он ба шукуҳу ҷалоли хос дар саросари кишвари мо таҷлил мешавад.

Ба хотири тибқи суннати аҷдодӣ таҷлил намудани он дар пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтанд. Акнун он бо шукуҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифта мешавад. Роҳбари хирадманду дурбини мо — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иктифо накарданд, балки ба хотири муаррифии бештари миллати тоҷик ба ҷаҳониён ба ҳайси миллати куҳанбунёду фарҳангӣ аз роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват ба миён оварданд, ки барои мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашни бузург саъй намоянд ва чунин ҳам шуд. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ қабул гардид ва он дар гушаву канори дунё бо паёмҳои Наврӯзии раҳбарони кишварҳои муқтадири ҷаҳон ҳар сол бо шукуҳ ва шоҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Масалан, Наврӯз дар кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Озорбойҷон, Турманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Покистон ва ғайраҳо таҷлил мешавад.

Ҳамчун ҷашни байналмилалӣ қабул шудани иди Наврӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, далел бар ин аст, ки Наврӯз ҷашнест, ки марз, ҳудуд, нажод ва ғайраро намешиносад ва ҷашнест, ки ҳама миллатҳои ҷаҳон метавонанд таҷассуми ормонҳои худро дар он бубинанд. Ба ибораи дигар, ҷашни Наврӯз, ки оғози баҳору эҳёшавии табиат ва кишту кор аст, дар байни миллатҳои мухталифи Шарқ чун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад.

Наврӯз ҷашни куҳани мардуми ориёинажод, ба вижа тоҷикон буда, таърихнигорон роҷеъ ба омил ва заминаҳои пайдоиши он осори зиёде доранд. Тибқи нигориши таърихнигорон Наврӯз бузургтарин ва мондагортарин ҷашни миллии мардуми ориёинажод, ба вижа тоҷикон мебошад. Яъне, Наврӯз оғози соли нави хуршедӣ аст. Дар бархе кишварҳо тақвими наврӯзӣ аст ва оғози Наврӯз саршавии соли нав мебошад.

Муҳимтарин ривоятҳо дар боби пайдоиши Наврӯз он аст, ки Наврӯзро иди эҳёи табиат дониста, яке аз омилҳои пайдоиши онро баробаршавии рӯзу шаб ва оғози баҳор маънӣ кардаанд. Бархе муҳаққиқон пайдоиши Наврӯзро ба Бобулистон нисбат медиҳанд. Гуфтаанд, ки Наврӯз 548 сол қабл аз мелод, яъне аз замони ҳамлаи Куруши бузург ба Бобул оғоз мешавад. Гурӯҳи дигар, мисли Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва Табарӣ Наврӯзро ба Каюмарс ва Ҷамшед рабт медиҳанд ва ин дуро поягузорони Наврӯз медонанд. Абурайҳони Берунӣ, ки ба тафсил дар боби пайдоиши Наврӯз пажуҳиш анҷом додааст, Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба назари ӯ замоне, ки Ҷамшед адлу додро дар сарзаминаш истеҳком бахшид, он рӯзро “рӯзи нав” номид ва Наврӯз дар сарзамини ӯ чун ҷашн қабул гардид. Абдурайҳони Берунӣ дар китоби “Осор-ул-боқия” дар боби пайдоиши Наврӯз чунин мегуяд: “Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро, ки гум кард, шаҳриёрӣ чиҳил рӯз аз вай бирафт. Аммо пас аз чиҳил рӯз ангуштарӣ пайдо шуд ва салтанат бад-ӯ баргашт. Ҳар кас чизе гуфт. Эрониён гуфтанд Наврӯз омад, яъне рӯзи тоза биёмад….Эрониён бар онанд, ки фархундатарин соати сол дар ин рӯз аст”. Дар ривоятҳои дигар ба тахт нишастани Ҷамшедро оғози Наврӯз медонанд ва ҳама ривоятҳо далел бар он аст, ки Наврӯз куҳантарин иди ниёгони мо мебошад.

Аз ин сабаб, сайри таҳаввули таърихии Наврӯз нишон медиҳад, ки он яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, дар тули таърих худро бо таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии замон нигоҳ доштааст. Чи дар замони ҳуҷуми Искандар ва чи дар замони футуҳоти араб ҷашни Наврӯз бо номҳо ва маросимҳои мухталиф ва шаклу шеваи мутобиқшуда бо руҳияи замон таҷлил мешуд. Дар замони ҳамлаи турку муғул ва манғит низ Наврӯз бо шаклу шеваи хос таҷлил мегардид. Дар тазкираҳо ва ривоятҳои он давра дарҷ шудааст, ки Наврӯз чун ҷашни шоҳон таҷлил мешуд ва мардум бо шукуҳу ҷалоли хос аз ин ид таҷлил мекарданд. Ҳатто дар замони Шуравӣ низ, ки Наврӯз расман ҷашн гирифта намешуд, аз ҷониби мардуми деҳоти Тоҷикистон бо номҳои дигар, ба мисли “дарвешона”, “ҷашни баҳор”, “ҷуфтбуророн”, “сари солу моҳи нав” ва ғайра таҷлил мегардид.

Яке аз муҳимтарин вижагиҳои Наврӯз фародинӣ ва фароидеологӣ будани он аст. Ба истилоҳи дигар, Наврӯз ки ҷашни эҳёи табиат аст, ҳеч вобастагӣ ба дин ва ойинҳои хос надорад. Шояд ҳамин вижагии Наврӯз бошад, ки онро дар байни миллатҳои гуногун гиромӣ медоранд.

Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки дар таърихи гузаштаи мо Наврӯз мақом ва ҷойгоҳи вижа дошт. Ин мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар ашъори шоирону нависандагони форсу тоҷик ба шакли возеҳ баён шудааст. Ашъори шоирон, ки дар замонҳои гуногун зиндагӣ ва эҷод кардаанд, нишон медиҳад, ки Наврӯз дар тамоми давраҳои таърихӣ ба сифати иди мардумписанд таҷлил мегардид. Шоирони гузаштаи мо дар ашъори худ аз Наврӯз ба сифати ҷашни баҳору зиндашавии табиат васф кардаанд. Ин ашъор далели собит бар он аст, ки дар тули таърих ва замони зимомдории ҳукуматҳои гуногун Наврӯз чун ҷашни мардумӣ таҷлил мегардидааст. Масалан, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоири номвари мо дар “Шоҳнома”-и худ доир ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз ва сабаби пайдоиши он чунин гуфтааст:

Чу он корҳои вай омад ба ҷой,
Ба ҷои маҳин бартар овард пой.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чу моя бад-ӯ гавҳар андар гузошт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.

Шоири мусаввир ва вассофи табиат Манучеҳри Домғонӣ низ дар васфи Наврӯз гуфтааст:

Омада Наврӯз дар ин бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.

Шоири дигари дарбори Ғазнавиён Абулфараҷи Рунӣ гӯяд:

Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
Бигрифт шукуфа ба чаман дар гузари боғ,
Чун он ки ситора гузари Коҳкашонро.

Ин чанд мисол аз ашъори шоирони гузаштаи мо гувоҳ бар ин аст, ки Наврӯз ҳатто дар замони ислом низ дар дарбори шоҳону амирон ва дар байни мардуми гуногун гиромӣ дошта мешуд. Сухане аз ҳазарати Алӣ(р) марсум аст, ки дар рӯзи Наврӯз гуфта : “Хушо, ки ҳамарӯза Наврӯз бошад”. Ривояте дигаре аз Салмони форсӣ дар “Осор-улбоқия” дарҷ аст, ки гуяд: “Мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айёми дигар монанди бартарии ёқут ва забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар”.

Яъне, Наврӯз шояд ягона ойини қадимии гузаштагони мост, ки дар тули ҳазорсолаҳо саддҳои идеологиву сиёсиро убур намуда, то ба имрӯз чун ҷашни сулҳофарину ваҳдатофарин ҳифз шудааст.

Наврӯз яке аз намодҳои тасаллути фарҳангӣ аст, ки ҳатто дар дарбори хилофати араб ҷашн гирифта мешуд.

Дар фавқ тазаккур додем, ки ҷашни Наврӯз бештар дар байни мардум бо шукуҳи хосс таҷлил мегардид. Сурудҳои мардумӣ дар боби Наврӯз далел, собит ба ин гуфтаҳост. Мардумшиносон сурудҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро гирд овардаанд ва ин сурудҳо аз ҳама бештар дар васфи Наврӯз ва Баҳор мебошанд. Ба далели кутоҳии сухан намунаро зикр мекунем:

Гули сиёҳгӯши қошгардон,
Тавақ пур кун даст гардон,
Бите бар дасти гулгардон.
Баҳори нав муборак бод!

Густариши Наврӯз дар байни мардумони гуногун нишон медиҳад, ки ин иди ваҳдатофарин дар ҳар гушае аз дунё агар рафта, бо руҳияи он мардум созгор омадааст. Агар сайри кутоҳе ба ҷашни Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Миёна, қафқоз, кишварҳои араб бикунем, мебинем, ки дар ин кишварҳо Наврӯз ба шакли мутафовит таҷлил мешавад. Ойин ва русуме, ки дар байни мардуми ин кишварҳо дар арафаи Наврӯз барпо мешаванд, далел бар як ҷашни пуршукуҳ будани Наврӯз мебошад. Ҳатто дар Тоҷикистони азизи мо низ дар минтақаҳои гуногун Наврӯз ба шакли вижа ва хоси ҳамон маҳал таҷлил мешавад. Масалан, маросимҳое, ки дар Наврӯзи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳаст, ё Рашту Суғд ва ё Бадахшон ҳаст, рангу бӯйи маҳаллии Наврӯзро бештар намоён мекунад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Ин бори дигар шаҳодати арҷгузории Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик, ҳифзи асолати миллӣ мебошад ва ҳар якеи моро вазифадор менамояд, ки ба қадри ин арзишҳо расем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Наврӯз ҷашни сулҳу меҳрубонӣ аст. Ойинҳое, ки дар Наврӯз роиҷ аст, мисли оштӣ шудан, либоси нав ба бар карданд, бахшидан, ҳадя додан, ба сайру гашт рафтан, дар гирди деги суманак ҷамъ шудану рақсу бозӣ кардан аломати барҷастаи он аст. Дар гузашта низ шоҳон дар арафаи иди Наврӯз муҷримонро мебахшиданд ва як ҳафта ба хотири ин ҷашн суруру шодӣ барпо мекарданд. Ин расмҳои накуи Наврӯзӣ имрӯз зинда шудааст ва мо мебинем, ки мардуми тоҷик бо иттиҳоду якпорчагӣ дар арафаи ин ҷашни баҳорӣ ба суруру шодӣ мепардозанд. Бад-ин ҷиҳат аст, ки Наврӯз яке аз намодҳои боризи миллии мо тоҷикон гаштааст.

Дар арафаи Иди Наврӯз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона дар ҳаҷми 3610 тонна бор, аз ҷумла аз 45 тонна доруворӣ, маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ, сару либоси кудакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот расонида шуд. Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раҳсипор гардид ва ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд дар кишвари дӯсту бародар мегардад. Дар рӯзҳои вазнин кумак расонидан — ин нишонаи олии инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҷасорату саховатмандии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Наврӯз ҳамчун пули пайвандгар байни миллатҳои гуногуни дунё то ҳол хидмат намуд, миллатҳоро ба оғуши сулҳу ваҳдат меовард ва орзу дорем, ки дар кишвари ба мо дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар тамоми дунё сулҳу субот пойдор бошад.

Мо зимни баёни ин нукот ба ду ҷанбаи асосӣ ва мондагори Наврӯз ишора кардем: яке ҷанбаи таърихии он, ки ба намоди пайванди гузашта ба имрӯз табдил шуд ва дигар ҷанбаи сулҳофарӣ, ваҳдатофарӣ ва пайвандгари байни миллатҳо будани он аст, ки имрӯз дар ҷаҳон бештар аз пештар зарур аст ва он густариш меёбад.

Охири калом он аст, ки Наврӯз ҷашни байналмилалӣ шуду қабои олумшумул ба худ касб кард. Мебинем, ки доираи таҷлили он дар ҷаҳон сол то сол густурдатар мегардад ва ин барои мо – тоҷикон мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Март 19, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид