Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Рошорви водии Бартанг Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳ таҷлил намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, меҳмонон бо дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, аз қабили бат, оши туппа, кулчаҳои анъанавӣ ва дигар таомҳои маҳаллӣ, ки ба намоиш гузошта шуданд, шинос шуданд.
Ҳунармандони маҳаллӣ бо иҷрои барномаҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида гардониданд. Кӯдакону ҷавонон низ бо шавқу завқи зиёд дар чорабинӣ иштирок намуда, ҳунару истеъдод нишон доданд.
Бояд гуфт, ки сокинони деҳаҳои болооби Бартанг ҳар сол бесаброна интизори фарорасии Наврӯз мешаванд. Зеро маҳз дар ҳамин айём барфҳо тадриҷан об шуда, табиат дубора зинда мегардад ва зебоии аслияшро ба намоиш мегузорад. Наврӯз дар ин минтақа на танҳо ҷашни анъанавӣ, балки рамзи эҳё, умед ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб меравад.
Таҷлили Наврӯз, ки бо ташаббуси хонаи фарҳанги деҳаи Рошорв ташкил карда шуд, бори дигар нишон дод, ки суннатҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ то чӣ андоза байни мардум ҷойгоҳи баланд доранд ва бо муҳаббату эҳтироми хосса пос дошта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд






