Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад

Март 3, 2026 10:49

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ 20 март, соати 19:45 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.

Дар ин аксе, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»/ Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 3, 2026 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид