НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Наврӯз – омили пойдории ваҳдат ва ҳамдилии миллатҳо» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён изҳор дошт, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни қадима, балки падидаи муҳимми фарҳангию иҷтимоӣ мебошад, ки дар тули таърих халқҳоро ба ҳам оварда, онҳоро ба арзишҳои инсонгароӣ ва ҳамдилӣ ҳидоят кардааст.
«Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббусу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд ва мардуми ҷашни аҷдодиро бо шаъну шукуҳи хосса ҷашн мегиранд. Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ ба кишвари мо меоянд ва онро бо мардуми Тоҷикистон ҷашн мегиранд»,-афзуд Матлубахон Сатториён.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки «дар адабиёти классикии тоҷик Наврӯз ҷойгоҳи муҳим дорад. Шоирон ва мутафаккирон ин ҷашнро ҳамчун рамзи навшавӣ, умед ва зиндагии нав тасвир намудаанд. Ба ҳамин сабаб, омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии вобаста ба Наврӯз метавонад дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа саҳми арзанда гузорад».
Рудобаи Мукаррам тазаккур дод, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мақсади таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи суннатҳои фарҳангии ниёгон пайваста чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор менамояд. Конференсияи мазкур низ дар ҳамин замина ташкил гардида, ҳадафи он таҳлили нақши Наврӯз дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳувияти фарҳангии ҷомеаи тоҷик мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва суннатҳои миллӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин раванд Наврӯз метавонад ҳамчун омили муҳими ҳамгироии фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа ва миллатҳо хизмат намояд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардида, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Дар нахустин чорабинии таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳо соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ Наврӯзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз» маънидод карда, изҳор намуданд, ки «иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон













«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






