Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқлол»-и шаҳри Турсунзода бо иштироки васеи сокинони шаҳр ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ботантана таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар наврӯзгоҳ ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати деҳоти шаҳр ҳунарҳои мардумӣ, намудҳои таомҳои миллӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳри Турсунзодаро ба маърази тамошо гузоштанд.
Иброз гардид, ки Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, зебоӣ ва зиндагии нав буда, яке аз муқаддастарин оинҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ аз фарорасии фасли баҳор, бедоршавии табиат ва оғози соли нави пурфайзу баракат мужда медиҳад. Наврӯз на танҳо як сана дар тақвим, балки рамзи умед, покӣ, дӯстӣ ва эҳёи зиндагии инсон буда, барои миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанги мо рукни муҳими худшиносӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳангӣ ва нишонаи волои ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.
Таъкид карда шуд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми умумибашарӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Намоиши театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода ба ҷашнвора шукуҳу шаҳомати хосса бахшид ва иштирокчиён аз он таассуроти нек бардоштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода























«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад






