НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад

Март 23, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии Наврӯз –ҷашни бостонии мардуми тоҷик саросари мамлакати офтобрӯяи мо аз файзи ин иди аҷдодӣ баҳра мегирад. Наврӯз дар вилояти Хатлон чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон  ҳамчун рамзи эҳёи табиат, кишоварзӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.

Дар вилояти Хатлон, ки бо иқлими гарм ва заминҳои ҳосилхезаш фарқ мекунад, Наврӯз бо суннатҳои хос, аз ҷумла пухтани суманак, омода кардани дастархони ҳафтсин ва баргузории бозиҳои миллӣ таҷлил мешавад.

Хусусияти асосии Наврӯзи Хатлон

Оғози кишти баҳорӣ. Барои мардуми Хатлон Наврӯз бештар рамзи оғози мавсими кишоварзӣ ва умед ба ҳосили фаровон аст.

Таомҳои суннатӣ. Дар баробари суманак дар вилояти Хатлон анъанаи омода кардани таоми махсус аз гандум, ҳалво ва дигар таомҳои миллӣ машҳур аст.

Ҷашнҳои оммавӣ. Дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сайругаштҳои идона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ (гӯштингирӣ) баргузор карда мешаванд.

Анъанаҳои оилавӣ. Мардум дар ин рӯзҳо ба дидори якдигар рафта, амалҳои хайрро ба ҷо меоранд ва рамзи покию навшавиро эҳё мекунанд.

Наврӯзи Хатлон пайванди амиқи таърихӣ бо оинҳои ориёӣ дошта, имрӯз ҳамчун ҷашни озодӣ, дӯстӣ ва табиат бо шукуҳи хос таҷлил мегардад.

Дар вилояти Хатлон фасли баҳор назар ба дигар минтақаҳои мамлакат пештар аз худ дарак медиҳад. Дашту кӯҳҳо қабои сабз ба бар намуда, дарахтон гул мекунанд. Аз ин рӯ омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ин вилоят пеш аз оғози ҷашн дида мешавад.

Занони ин минтақа пеш аз оғози ҷашн анъанаи хонатакониро иҷро менамоянд. Инчунин сабзонидани гандум низ яке аз анъанаҳои доимии ин минтақа аст.  Пеш аз фарорасии Наврӯз занон барои худ куртаҳои гулдӯзии чакан, инчунин аз гулбаст (докаи пахтагин бо гулҳои наққошӣ) медӯзанд. Як ҳафта пеш аз Наврӯз кӯдакон гулҳои аввалини баҳорро чида, маросими «Гулгардонӣ» доир менамоянд. Бо ин амал онҳо ба сокинон аз фарорасии Наврӯз хабар медиҳанд ва дар ивази он шириниҳо мегиранд.  Занон ба миқдори зиёд нони чапотӣ мепазанд ва ба ҳама тақсим мекунанд.

Дар тамоми минтақаҳои вилоят дар дастархони наврӯзӣ оростани хони ҳафт «син» ва ҳафт «шин» низ маъмул аст. Онҳо таомҳо ва хӯрокҳоеро, ки ҳарфи аввалашон бо «с» ва «ш» оғоз мешавад, дар  дастархони идона мегузоранд.

Анъанаи суманакпазӣ низ доир мешавад. Занон онро нисфи шаб оғоз менамоянд. Ҳар зан ё духтар бояд на камтар аз се маротиба ба омехта кардани суманак кумак кунад ва ба он санг андохта, орзу намояд. Дар ин маросим тамоми шаб занҳо мерақсанду сурудҳои махсус хонда,  соли нави аҷдодиро бо шодӣ ҷашн мегиранд. Суманак субҳ, ки тайёр шуд, ба хешу табор ва ҳамсояҳо тақсим карда мешавад.

Таоми дигаре, ки дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон бештар дар ҷашни Наврӯз омода карда мешавад, ин далда мебошад. Дар дигар манотиқи  мамлакат онро гандумкуча, кашк, гандумоб ва ғайра ном мебаранд. Ин таомро низ аз гандум ва дигар зироати лубиёгӣ- нахӯд ва лӯбиё дар дегҳои калон омода мекунанд, то ба ҳама расад.

Дар ҷашни Наврӯз давоми як моҳ дар минтақаҳои вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишӣ доир мешаванд.  Давоми як моҳ дар ҳама ҷо чорабиниҳои идона доир мегарданд: мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ, хурӯсҷанг дар майдонҳо, пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ.

Мусобиқае, ки дар ин минтақа бештар доир мешавад, ин бузкашӣ аст. Усули бузкашӣ чунин аст: дар оғози бузкашӣ савораҳо дар ҷойи муайян ҷамъ меоянд. Баъд довар бузи сарбуридаро дар нуқтаи муайяне (одатан дар чуқурӣ) ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон (аз 30 то 150 ва бештар савор) ба гирифтани буз мешитобанд ва бузкашӣ сар мешавад. Дар бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта, онро аввалин шуда, ба марра (тақрибан 300 – 500м) бурда расонад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд