Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
ДУШАНБЕ, 09.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занону духтарони тоҷик дар ҳама бахшҳои иқтисоди миллӣ — кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон, бонкдорӣ, соҳибкорӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият карда, бо ташаббускориву масъулиятшиносии худ дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуданд.
Тавре таъкид гардид, занону духтарони тоҷик дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ, сохтору мақомоти идораи давлат, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши назаррас доранд. Ҳоло дар кишвар соҳае нест, ки занон дар он саҳми арзишманд надошта бошанд.
«Дастгирии соҳибкориву ҳунармандии занон, ҷудо намудани грантҳои президентӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷойи нави кор имкон додааст, ки мустақилияти иқтисодии онҳо тақвият ёфта, рушди бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ таъмин гардад. Соли 2025 низ барои дастгирии занони соҳибкору ҳунарманд аз ҷониби низоми бонкӣ 8 миллиард сомонӣ қарз ҷудо шудааст», — изҳор намуданд Сарвари давлат.
АКС аз бойгонӣ








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд






