Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд

Март 29, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дӯстии беолоишу самимию бисёрасраи тоҷикону узбекон ба ҳамагон маълум аст. Давоми садсолаҳо халқи тоҷику узбек бо ҳамдигар зиндагиву кор карда, бо ҳамдигар дӯсту бародар гардидаанд. Таърихи халқҳои тоҷик ва узбек ба ҳам наздик ва шабеҳ буда, рушди он дар як сарзамин ба вуҷуд омадааст. Тоҷикон ва узбекон халқҳое ҳастанд, ки дар як ҳавзаи маданиву сиёсии Осиёи Миёна умр ба сар мебаранд. Ташаккули онҳо дар асоси умумии нажодӣ ва ҳамзистии мусолиҳатомези халқҳо ва қабилаҳо қарор гирифта, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд.

— Ин ду халқи бо ҳам наздикро робитаҳои хешовандӣ, маданӣ ва иқтисодӣ муттаҳид месозанд. Ба ақидаи академик Бобоҷон Ғафуров, «тоҷикон ва узбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки узбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқ, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи узбек файзёб буданд; хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва узбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад». Нигоҳе ба раванди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ин дидгоҳро тақвият мебахшад, ки мардумони ду кишвари ҳамсоя асрҳо дар канори ҳам зиста, дар дарозои таърих шодию ғам, барору нобарорӣ, шикасту пирӯзиҳоро бо ҳам таҷриба карда, аз умумияти фаровони таърихӣ ва фарҳангӣ бархӯрдоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дӯстиву хешутабории халқҳои тоҷику узбек чунин гуфтаанд: “Дар таърих кам воқеъ шудааст, ки ду халқ бо ҳамдигар мисли тоҷикону узбекҳо ба чунин дараҷа наздик ва омехта гашта бошанд. Муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва хешутабории ин ду халқи қадимии Осиёи Миёна онҳоро ба ҳамдигар хеле наздик кардаанд. Суннату анъанаҳо, расму оинҳо ва ҳатто феълу атвори мо ба якдигар ба дараҷаи ҳайратовар шабоҳат доранд”. (Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷ.3. -Душанбе, 2001. — С. 397).

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри XXI ҳамчун давлати  соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ марҳала ба марҳала рушд меёбад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон тақрибан дар як вақт соҳибистиқлол гардидаанд. Узбекистон дар таърихи 1 сентябри соли 1991 ва Тоҷикистон 9 сентябри ҳамон сол Протоколи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя, аз 22 октябри соли 1992 ба имзо расида, 4 январи 1993 «Шартномаи ҳаматарафа оид ба дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ», 15 июни соли 2000 «Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи дӯстии абадӣ» ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми дутарафа ба имзо расонида шуд.

Тоҷикистон равнақу ривоҷи ҳамкории минтақавиро қотеъона ҷонибдорӣ карда, муносибатҳои нек ва ҳамкории Тоҷикистону   Узбекистонро ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳои минтақа баррасӣ менамояд ва тарафдори равнақу ривоҷи минбаъдаи он мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «Тоҷикистон ҳамеша ба ин ақида аст, ки барои мо бо назардошти шароит ва омилҳои имрӯза ҳамкории дуҷониба бо Узбекистон низ аҳамияти калон дорад. Сарҳади тӯлонии муштарак, аз қаламрави ҳарду кишвар гузаштани роҳҳои асосии нақлиётӣ, вобастагии ҳар ду кишвар дар бобати таъминоти сӯзишворию энергетика, захираҳои об ва ғайра аз ҷумлаи чунин омилҳоянд. Дар баробари ин, муносибатҳои таърихии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро нодида гирифтан мумкин нест».

Дар асри XXI муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи мухталиф ва соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба амал меоянд. Яке аз масоили муҳимми рушди муносибатҳо дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ мебошад. Ҳамин аст, ки байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд, Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишкадаи давлатии техникии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Донишгоҳи технологии кӯҳию металлургии Навоӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Нақши созишномаҳо дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду давлат муҳим арзёбӣ гардид.

Соҳаи маориф ба яке аз захираҳои муҳими стратегии ҳар давлат табдил ёфта, рушди он ба таҳкими рақобатпазирии кишварҳо дар шароити ҷаҳони муосир мусоидат мекунад. Солҳои охир бо шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарони давлатҳо муносибатҳои ду кишвар марҳилаи нави рушдро касб намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ-таълимӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Масалан, байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ,  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим», Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз имзои созишномаҳо густариши ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Муносибатҳои ду давлат дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ, татбиқи барномаҳои мубодилаи академӣ ва афзоиши ҳамкории мустақими донишгоҳҳо гувоҳи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Узбекистон мебошад, ба монанди Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, байни Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисоди экология ва хизмати Самарқанд, байни Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав, байни Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти узбек ба номи Алишери Навоӣ дар шаҳри Тошканд, байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим», байни Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро, байни Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Намангон, байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Бухоро далели гуфтаҳои боло мебошад. Таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи самараноки созишномаҳои баимзорасида қадами муҳим дар роҳи рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон маҳсуб мешавад.

Дар баробари мусоидат ба рушди робитаҳо он барои наздиктар гардидани халқҳои бародар ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҷумҳурии Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб рафта, ҳамкории ду кишвар дар ин самт ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ такя мекунад.

Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистон солҳои охир ба сатҳи нав баромада, бахши маориф ва илм дар ин раванд мавқеи муҳим дорад. Густариши ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду давлат, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд. Дар айни замон донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкории илмии ду давлат мебошад.

Дурнамои рушди муносибот байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, раванди ислоҳоти соҳа ва таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Узбекистон тақвият ёфта истодаанд.

Дар кишварҳои ҳамсоя шумораи мактабҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сол то сол зиёд шуда, давлатҳои ҳаммарз сиёсати ҳадафмандонаеро пеш гирифтаанд, ки таълимот ба забони тоҷикӣ-узбекӣ густариш дода шавад. Чуноне ки дар чанд соли ахир дар ноҳияҳои Ғончиву Турсунзода мактабҳои ҳозиразамони узбекӣ боз шуданд. Дар Тоҷикистон мактаби зиёди узбекӣ фаъолият дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмону таъмир ва кушодани биноҳои нави мактабҳои узбекӣ иқдом доранд. Кушодашавии мактабҳои тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ба вижа дар Самарқанду Бухоро қобили арзёбӣ аст.

Ҳамкории илмию фарҳангӣ байни ду давлат дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз пеш густариш ёфта, дар ин асос  аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба устодону шогирдони ҳашт мактаби тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё китобҳои бадеӣ тақдим гардиданд. Сиёсати пешгирифтаи сарони ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя ба таҳкими дӯстию бародарӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар мусоидат менамояд.

Бузурттарин дастоварди инсон фарҳанг буда, он қавму миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад, ба равобит равнақ мебахшад, дар амали давлатдориҳо адолатро пойдор мегардонад. Аз ин хотир, равобити фарҳангӣ-таҷлили рӯзҳои фарҳангӣ, ҳафта ва даҳаҳои адабиёт ва санъат дар байни ҷумҳуриҳо, бахусус Тоҷикистону Узбекистон дар ҳукми анъана аст. 18 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳимми рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду давлат мебошад.

Иртиботи наздик ва ғанӣ сохтани маданияти халқи тоҷуку узбек боиси тавлиди сарватҳои муштараки фарҳангӣ гардиданд. Анъанаҳои маҳаллӣ, хусусият ва ҷиҳатҳои ба худ хоси маданияти халқҳо, аз ҷумла аҳолии давраҳои қадим ва асри миёнаи Тоҷикистон ва Узбекистон, ки маданияти олӣ ва ба дараҷаи баланди тараққиёт расидаро ба вуҷуд овардаанд, маҳфуз мондаанд.

Тимсоли барҷастаи қаробати адабиёти ду халқи бародар ҳаёт ва эҷодиёти ду фарзанди барозандаи халқҳои тоҷику узбек — Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро ба навор гирифт. Ин филми муштарак барои таҳкими дӯстиву бародарии ду давлату миллати  дӯсту ҳамсоя хизмат хоҳад намуд. Тасмими таҳияи филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуд.

Дар Ҷумҳурии Узбекистон Ҳупарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро актрисаи худ меҳисобиданд. Ӯ дар филмҳои ҳунарии «Нодира», «Турнаҳои сап-сафед», «Биношавӣ», «Ба хонаи мо даро», «Хушбахтии бегона», «Найрангҳои Майсара» бо таҳиягарони маъруфи кинои узбек Комил Ёрматов, Шуҳрат Аббосов, Алӣ Ҳамроев, Элёр Эшмуҳаммадов ва Мелис Афзалов ҳамкорӣ кардааст.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади тарғиб ва инъикоси ҳаёти фарҳангӣ дар ҳарду кишвар ба гузаронидани фестивалҳо, сафарҳои ҳунарӣ ва табодули намоишгоҳҳои бадеӣ тавсеа бахшида мешавад.

Омили қаробати халқҳои тоҷику узбек фаъолияти якҷоя дар фазои фарҳангии муштарак зиндагӣ кардан мебошад. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор гардиданд. Рӯзҳои синамои Узбекистон ба таври расмӣ 16 апрел дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ифтитоҳ шуд. Филмҳои Узбекистон дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб намоиш дода шуданд. Рӯзҳои синамои узбек дар Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва сулҳу субот дар сатҳи муносиб доир гардида, омили асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ва фарҳанг мебошад.

17 апрел дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорон гардонида шуд.

Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода шуданд.

Ҳамзамон моҳи майи соли 2025 ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ  дар Тоҷикистон намоишномаҳои худро пешниҳоди тамошобинон  гардониданд. Ҳамин аст, ки дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни ду давлат табодули ҳамкорӣ бештар мегардад.

Сафари ҳунарӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ, ки  соли 2022 ба имзо расида буд, доир гашт. Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобили судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат менамояд. Ин ҳуҷҷат барои сафарҳои ҳунарии дастаҳои ҳарду тараф имконияти васеъ фароҳам меорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок кунанд.

Дар ин замина барои хизматҳои шоён дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ва таъмини дӯстии халқҳои ду кишвар арбобони ҳунари Узбекистон Фаррух Зокиров ва Мардонқул Мавлонов ба Фармони Президенти ҷумҳурӣ бо унвони ифтихории «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

18 апрели соли 2024 дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони ду давлат  баргузор гардид.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ  бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон чор нафар,  аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Муноҷотхон Юлчиева, Ағабай Сабиров ва Юлдуз Усмонова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Ёдгор Сагдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи сарфарозгардонии гурӯҳи арбобони санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии наку, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ба хотири ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Узбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, инчунин умумият ва муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду давлат ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд бо Ҷумҳурии Узбекистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 29, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд