Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои озмуни фарҳангӣ, ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоби умумӣ бо гирифтани 7 медал мақоми дуюмро ишғол намуданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷойи аввалро ҷавонони Ҷумҳурии Беларус бо 9 медал соҳиб шуданд. Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва 7 медал шуда, ҷавонони Федератсияи Русия ҷойи сеюмро бо 6 медал ба даст оварданд.
Донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Малика Расулӣ дар номинатсияи санъати тасвирӣ медали тиллоро сазовор гардид. Инчунин ду нафар медали нуқра ва чор нафар медали биринҷии озмунро ба даст оварданд. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои махсуси озмун сарфароз гардонида шуданд.
Дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷавонони болаёқат аз давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбекистон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои тахассусии мусиқӣ ва санъат интихоб шуда буданд. Барномаи бозиҳо аз рӯйи номинатсияи фортепиано, санъати тасвирӣ, сурудхонии анъанавӣ ва эстрадӣ, рақси халқӣ, ди-ҷей, созҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар доираи бозиҳо намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи нахуст дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай беш аз 500 ҳунарманди ҷавон аз давлатҳои аъзои Созмон дар номинатсияи фарҳангию ҳунарӣ бо ҳам рақобат карданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






