ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад

Март 31, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2026./АМИТ «Ховар»/. Саёҳати наврасону ҷавонон, хонандагон ва донишҷӯён ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии мамлакат ташкил карда шавад. Чунин дастуру супориш дода шудааст дар Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон кардани соли 2026, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026 тасдиқ гардидааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки барои ташкили саёҳати наврасону ҷавонон, хонандагон ва донишҷӯён ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намудаанд, «дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан имконпазир мебошад».

«Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 31, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид