САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид

Март 8, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону – модарон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ беназир аст. Президенти Тоҷикистон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки иштироки занону модарони тоҷик дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии мамлакат нақши муҳим дошта, онҳо неруи боэътимод ва пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд. Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» андешаҳои занони гуногункасбро дар бораи бузургии зан-модар, нақшу мақоми онҳо дар оила ва ҷомеа пешниҳод менамояд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо МАНСУРӢ: Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаю суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покию садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некию накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Дар ҳақиқат модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради азалии мардум ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.

Боварӣ дорам, ки модарони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша ФАЙЗИДДИНЗОДА: Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буд ва то  имрӯз ин рисолати муқаддасро бо иффату шараф идома дода истодааст. Нақши онҳо ҳамчун нигаҳдорандагони анъанаҳои оилавӣ, тарбиятгарони насли нав ва иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ бебаҳо мебошад.

Маҳз тавассути муҳаббат ва фидокории занони мо арзишҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ ташаккул меёбанд. Истеъдод ва касбияти занони мо ба таҳкими некуаҳволии оила ва рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд.

Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират ХИДИРЗОДА: Муҳити оила бо оромӣ, субот, баракат ва нур аз умед пур мешавад, ки ин ҳама тавассути ҳамсар ва модар ба даст меояд. Ҳамин аст, ки ҳар нафаре, ки ба хона ворид мегардад, пурсон мешавад, ки  «модарам куҷост?». Ҳузури модар ба ҳар кас неру, эътимод, ҳавасмандӣ ва илҳом мебахшад. Бузургони барҳақ гуфтаанд, ки «дар паси ҳар марди муваффақ зани муваффақ меистад».

Сабр, таҳаммулпазирӣ, қаноатмандӣ, муҳаббати бепоён, самимият ва садоқат — инҳо арзишмандтарин сифатҳое мебошанд, ки занони тоҷик имрӯз барои осоиш ва оромии оила, тарбияи фарзандон, муваффақияти ҳамсар ва оромии руҳи ҳамаи аъзои оила нишон медиҳанд. Ин сифатҳо ҳамчун арзишҳои муҳими инсонӣ хизмат мекунанд, ки оилаи анъанавии моро дар рӯбарӯи мушкилоти глобалӣ ҳимоят мекунанд, ҷомеаи моро дар доираи ахлоқ ва маънавияти баланд устувор нигоҳ медоранд ва насли ҷавонро ба инсондӯстӣ ва покии руҳ мутобиқ месозанд.

Доктори илмҳои филологӣ Гавҳар ШАРОФЗОДА: Рӯзи Модар аз гузаштаҳои дур ҳамчун як ҷашни хонаводагӣ ва изҳори муҳаббат, садоқату самимият ба зан – модар таҷлил карда мешуд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Рӯзи Модар ба ҷашни бошукуҳи миллии халқи тоҷик табдил ёфт, ки ин ҳама бо шарофати Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сарвари давлат занони тоҷикро нигини пурҷилои  тоҷи миллат унвон намудаанд. Ин гуфтаҳо гапи хушку холӣ нестанд, балки арҷ гузоштан ба қадру манзалати зан — модари тоҷик мебошанд. Ман надидаам, ки то ба имрӯз дар ягон давлат мақоми занро чунин баланд бардошта бошанд ва онро ба нигини пурҷило баробар карда бошанд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило ГУЛНАЗАРЗОДА: Зан-модар пайвандгари наслҳо, манбаи зебоӣ ва нафосати ҳаёти инсон ва меҳру муҳаббат дар зиндагӣ мебошанд. Модарон дили оила, такягоҳи ҷомеа ва манбаи ояндаи дурахшони  ҷомеа мебошанд.

Бо шарофати онҳо фарзандон рушд меёбанд, арзишҳо шакл мегиранд, донишҳо эҷод мешаванд ва қарорҳои муҳими ҳаётӣ қабул карда мешаванд. Ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо дар он ҳолат рӯшану пурумед хоҳад буд, ки руҳи ваҳдат, худшиносии миллӣ, арзишҳои оилавӣ ва аз ҳама муҳим, пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар маркази диққати зан – модар қарор дошта бошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 8, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Дар Сарраёсати Вазорати молия дар Хатлон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар