САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад

Март 25, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 25.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон мавсими нави саёҳати дохилӣ оғоз мегардад. Дар доираи он сокинон барои истироҳату фароғат ба мавзеъҳои солимгардонӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ сафар менамоянд. Аз ҷумла, дар ин мавсим сафар намудан барои тамошои ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара, ки теъдоди онҳо 393 ададро ташкил медиҳад, ба хотири омӯзиши таърихи халқи тоҷик, ҷонфидоии фарзандони миллат дар роҳи дӯст доштани Ватан барои сокинони мамлакат, бахусус барои насли наврас ва ҷавонон басе манфиатовар аст.

Тавре аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ноҳияи Данғара 377 ёдгории бостонӣ, 14 ёдгории меъморӣ ва 1 ёдгории монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қисман навсозӣ гардида, дар ин самт корҳои омӯзишӣ аз ҷониби бостоншиносон идома доранд.

Аз ҷумла, ёдгориҳои ин ноҳия — Қалъаи Золи Зард ва Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин соли 2025 ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Муовини директори «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» Собирҷони Ибодулло иброз намуд, ки Қалъаи Золи Зард яке аз ёдгориҳои нодири таърихии ноҳияи Данғара ба ҳисоб рафта, чандин маротиба мавриди пажуҳиши илмӣ қорор гирифтааст. Он аз маркази ноҳияи Данғара 3 километр дуртар, дар самти шимол, дар байни деҳаҳои Корез ва Чаманистон ҷойгир мебошад. Он теппаи чоркунҷаи дарозрӯя буда, дар баландии 711 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Қалъаи Золи Зард дорои якчанд қабати маданӣ буда, далолат бар он мекунад, ки аз замони Юнону Бохтар то давраи асрҳои миёна дар ин шаҳрак ҳаёт вуҷуд доштааст ва он яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ буда, тамоми водии Данғараро назорат мекардааст. «Золи Зард дорои санъати меъмории нодир ва тамоми ҷузъиёти шаҳрдорӣ мебошад. Ҳамзамон дар маркази шаҳристони он чашма мавҷуд буда, шаҳрро бо оби мусаффо таъмин менамудааст. Мавҷудияти тӯлонии шаҳр дар як ҷо далели равшани устувории зиндагии шаҳрӣ ва табодули фарҳангҳо дар ин қисмати Хуттали таърихӣ мебошад», -афзуд Собирҷони Ибодулло.

Ба иттилои муовини директори «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», дарозии умумии ёдгорӣ 390 метр ва паҳноияш дар қисмати шимол 180 метр ва дар тарафи ҷануб 150 метр мебошад. Қалъа бо девори мустаҳками баландиаш аз 6 то 8 метр иҳота гардидааст. Паҳноии девори мазкур дар қисмати бунёдӣ ба 8 то 10 метр ва дар қисмати боло ба 1 ва 1,5 метр мерасад. Яъне девори мудофиавӣ дар поён паҳн буда, мутаносибан ба тарафи боло борик мешавад, ки ин шакли сохт, албатта, барои мустаҳкам ва пуриқтидор боқӣ мондани девор хизмат мекунад. Мувофиқи ақидаи бостоншиносон, атрофи қалъаро дар маҷмуъ 24 бурҷ иҳота карда будаанд.

Қалъаи мазкур дорои 3 дарвоза будааст, ки паҳноии ҳар кадоми ин дарвозаҳо то ба 8 метр мерасид.

Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 6 километр дуртар воқеъ гардидааст. Ин макон яке аз мавзеъҳоест, ки мардум аз дохилу хориҷ ба тамошои он меоянд.

Мавлоно Тоҷиддин Дашти Кулакӣ, орифи бузург, суфии машҳури тариқати Нақшбандия соли 1318 дар Дашти Кулак (Данғараи имрӯза) ба дунё омадааст. Мавлоно дар хурдсолӣ дар зодгоҳаш савод гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро меравад. Асарҳои ӯ то замони мо дар шакли пароканда расидаанд.

«Мавлоно Тоҷиддин то лаҳзаҳои вопасини умраш дар зодгоҳаш, Дашти Кулак умр ба сар бурда, соли 1388 дар ҳамин ҷо (деҳаи Корези ноҳияи Данғара) дунёро тарк мекунад. Дар асри XIV муридонаш дар болои теппаи назди деҳаи Корез мақбараашро сохтаанд», -афзуд Собирҷони Ибодулло.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд