Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, хурсанд кардани дили ятимон, хабар гирифтан аз ҳоли падару модарон, бародарону хоҳарон, беморону калонсолон ва дигар амалҳои хайре, ки боиси хушҳоливу болидахотирии инсонҳо мегарданд, аз ҷанбаҳои умдаи ҷашни Наврӯз мебошанд. Чунин иброз намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашнест, ки бо эҳёву сарсабз гардидани табиат ба хонадони мардуми мамлакат суруру шодмонӣ меоварад ва одамонро дар баробари зоҳири ороста ба поксозии ботин ва аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ташвиқу ҳидоят мекунад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, Наврӯзи фархундапай ҳамчунин талқин мекунад, ки мо ба тозагиву озодагӣ ва ободии атроф, яъне муҳити зисти худ аҳаммияти хосса диҳем. Яъне, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва хонаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ доштан аз ойинҳои бисёр муҳимми ин ҷашн маҳсуб мешаванд.
«Аз ин лиҳоз, мардуми мо ба истиқболи Наврӯз хонаву кошонаи худро озодаву ороста мегардонанд, қалбҳои хешро аз кинаву кудурат пок месозанд ва ин ҷашн, яъне саршавии солро бо дили поку нияти нек, бо умеди оромиву осоиш ва файзу баракат таҷлил мекунанд. Ин аст, ки ойину суннатҳо ва маҳфилу базмҳои наврӯзӣ мардумро сарҷамъу муттаҳид месозанд», — афзуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки мо бояд бо забон, таърих ва фарҳанги бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бою рангоранги миллиямон, аз ҷумла сару либос ва таомҳои миллӣ ифтихор намоем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз






