Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд

Март 2, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ширкати букмекерии «Париматч Тоҷикистон» нишасти матбуотии расмӣ доир гардид, ки ба имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо КМВА Душанбе бахшида шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ширкат иттилоъ медиҳад.

Зимни чорабинӣ ҷонибҳо расман аз тамдиди шартномаи шарикӣ хабар дода, тасдиқ карданд, ки ширкати “Париматч Тоҷикистон”  минбаъд низ мақоми сарпарасти генералии клубро нигоҳ медорад.

Дар нишаст роҳбарияти ширкат ва клуб, намояндагони сохторҳои варзишӣ, шарикони иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Тибқи созишномаи нав, ҳамкорӣ асосан ба тавсеаи фаъолияти маркетингӣ равона карда мешавад. Ҷонибҳо татбиқи якчанд барнома ва иқдоми муштаракро ба нақша гирифтаанд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи маъруфияти клуб, ҷалби мухлисони нав ва густариши фарҳанги футбол дар мамлакат мебошад. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими мавқеи даста дар арсаи миллӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони «Париматч Тоҷикистон»  иброз намуданд, ки дастгирии варзиш ва рушди футболи миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба шумор меравад. Тамдиди созишнома бо клуби артишӣ идомаи мантиқии сиёсати дарозмуддати иҷтимоии ширкат арзёбӣ гардид.

Сармураббии даста Хуан Кортес гуфт, ки шарикии устувор бо сарпараст ба даста имконият медиҳад, то тамоми таваҷҷуҳро ба омодагии касбӣ ва натиҷаҳои варзишӣ равона намояд. Ба андешаи ӯ, дар омодагӣ ба бозиҳои дарпешистода барномаҳои муосири тамринӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва тактикии бозигарон ба марҳилаи нав бароварда шудааст.

Маълумотнома:

“Париматч Тоҷикистон”— бренди байналмилалии соҳаи букмекерӣ буда, дар якчанд кишвар фаъолият менамояд ва ташаббускори лоиҳаҳои рушди варзиш мебошад.

КМВА Душанбе аз ҷумлаи клубҳои маъруфи футболи Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар мусобиқаҳои Лигаи олии Тоҷикистон мунтазам иштирок мекунад ва дар тарбияи бозигарони ҷавон саҳми назаррас дорад.

 

АКС: ширкати «Париматч Тоҷикистон»

Март 2, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад