Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ширкати букмекерии «Париматч Тоҷикистон» нишасти матбуотии расмӣ доир гардид, ки ба имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо КМВА Душанбе бахшида шуда буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ширкат иттилоъ медиҳад.
Зимни чорабинӣ ҷонибҳо расман аз тамдиди шартномаи шарикӣ хабар дода, тасдиқ карданд, ки ширкати “Париматч Тоҷикистон” минбаъд низ мақоми сарпарасти генералии клубро нигоҳ медорад.
Дар нишаст роҳбарияти ширкат ва клуб, намояндагони сохторҳои варзишӣ, шарикони иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Тибқи созишномаи нав, ҳамкорӣ асосан ба тавсеаи фаъолияти маркетингӣ равона карда мешавад. Ҷонибҳо татбиқи якчанд барнома ва иқдоми муштаракро ба нақша гирифтаанд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи маъруфияти клуб, ҷалби мухлисони нав ва густариши фарҳанги футбол дар мамлакат мебошад. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими мавқеи даста дар арсаи миллӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони «Париматч Тоҷикистон» иброз намуданд, ки дастгирии варзиш ва рушди футболи миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ба шумор меравад. Тамдиди созишнома бо клуби артишӣ идомаи мантиқии сиёсати дарозмуддати иҷтимоии ширкат арзёбӣ гардид.
Сармураббии даста Хуан Кортес гуфт, ки шарикии устувор бо сарпараст ба даста имконият медиҳад, то тамоми таваҷҷуҳро ба омодагии касбӣ ва натиҷаҳои варзишӣ равона намояд. Ба андешаи ӯ, дар омодагӣ ба бозиҳои дарпешистода барномаҳои муосири тамринӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва тактикии бозигарон ба марҳилаи нав бароварда шудааст.
Маълумотнома:
“Париматч Тоҷикистон”— бренди байналмилалии соҳаи букмекерӣ буда, дар якчанд кишвар фаъолият менамояд ва ташаббускори лоиҳаҳои рушди варзиш мебошад.
КМВА Душанбе аз ҷумлаи клубҳои маъруфи футболи Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар мусобиқаҳои Лигаи олии Тоҷикистон мунтазам иштирок мекунад ва дар тарбияи бозигарони ҷавон саҳми назаррас дорад.
АКС: ширкати «Париматч Тоҷикистон»


















Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






