Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд

Март 19, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар шаҳри Ню Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун платформаи универсалӣ барои амалҳои дастҷамъона таъкид  намуда, аҳамияти тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, пешгирии низоъҳо ва ҳамоҳангсозии башардӯстонаро дар чаҳорчӯби Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид иброз дошт. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир зоҳир гардид. Дар ин робита, ҷонибҳо Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории онро ҳамчун платформаи муфид барои ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин ба Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 ва суръат бахшидан ба пешрафт тавассути тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва маблағгузории рушд тамаркуз карданд. Сироҷиддин Муҳриддин таҷрибаи тӯлонӣ ва иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар мудирияти захираҳои обии ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи Раванди оби Душанбе иброз  кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва ҳамкорӣ дар доираи механизмҳо ва барномаҳои мавҷудаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ислоҳоти СММ-80 ва рушди устувор бо ҳадафи таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ барои мардуми минтақа ва тамоми ҷаҳон изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид