Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва пешрафтҳои бадастомада дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ яке аз авлавиятҳои асосии Тоҷикистон буда, дар ин зимн ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар барои пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузоранд.
Инчунин ҷонибҳо дар мавриди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» табодули афкор намуданд. Дар ин росто қайд гардид, ки чорабинии мазкур заминаи мустаҳкам ва пайвастаро барои омодагии муассир ва баргузории бомуваффақияти Конфронсҳои оби СММ дар солҳои 2026 ва 2028 фароҳам хоҳад овард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






