СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд

Март 28, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарҳои мардумӣ дар хотираи таърихи миллати тоҷик ҳамчун мероси фарҳанги тамаддунсози наслҳои гузашта маҳфуз мондаанд. Яке аз ин ҳунарҳо созтарошӣ мебошад. Он ҳунари қадимии мардона дар Тоҷикистон буда, созтарошон ба сохтани асбоби мусиқии миллӣ (дутор, рубоб, танбӯр) аз чӯб машғул мебошанд. Ин касб, ки аксаран меросӣ мебошад, сабр ва маҳорати баланди чӯбкориро талаб карда, устоҳо умри худро ба офаридани овозҳои дилнишин бахшидаанд. 

Созтарошӣ ҳунари тарошидани созҳои мусиқиро мегӯянд. Дар фарҳанги тоҷик созҳои мусиқии зиёде маъмуланд, ки ҳар кадом хусусияти садоии худро дорад.

Ба иттилои фарҳангшиносон, созҳои миллии тоҷикӣ таърихи бостонӣ доранд. Созҳои мусиқии дунай (қӯшнай), чанг, танбӯр, най, ғижжак, дутор, дафу дойира зиёда аз 5 ҳазор сол боз маълуму машҳур буда, аз навои онҳо имрӯз ҳам ҳаловат мебаранд. Дар маъхазҳои таърихии мусиқӣ қариб 100 номгӯй созҳои миллӣ мавҷуданд. Созҳои мусиқии тоҷикон ба гурӯҳҳои камонӣ, тории мизробӣ, чӯбӣ-нафасӣ, мисӣ-нафасӣ, зарбӣ-торӣ ва зарбӣ ҷудо карда мешаванд.

Созтарошон барои омода намудани навъҳои созҳо бештар аз чӯби дарахтони мевадиҳанда, ба монанди тут, чормағз ё зардолу истифода мебаранд. Ҳунари онҳо аз интихоби чӯб, хушконидан, тарошидан то пардоз додани асбоб иборат аст.

Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд. Ин ҳунар дар заминаи чӯбкорӣ рушд карда, бахши муҳими ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави ҷуҳуриамон шахсони ҳунарманде зиёданд, ки ҳунарҳои мардумӣ ё мероси ниёгонамонро пос дошта, ба насли ҷавон меомӯзонанд, то ҳувияти миллии онҳоро баланд бардоранд.

Ҳар соз нозукиҳои худро дошта, онро созтарош хуб иҷро мекунад. Барои омода намудани дутор аввал чӯбро дар об мемонанд. Баъдан ин чӯбро гирифта, таротар метарошанд, то ҳангоми тарошидан тоб нахӯрад ва шикоф нашавад, онро мисли косача тарошида (ҳама ҷояш якхела бояд бошад), баъдан онро 10 рӯз мемонанд, то хушк шавад. Сипас ба тайёр кардани дастаи дутор мепардозанд, ки чӯби дастаи он аз чӯби хушки 5-солаи олуча ё сафедор омода карда мешавад, то каҷу тобхӯрда нашавад. Агар қисмҳои дуторро дар якҷоягӣ созанд, ин мушкилтар аст, зеро чӯб метавонад тоб хӯрад.

Усто чунон моҳирона даста ва косахонаро бо ҳам васл мекунад, ки онҳо ҳатто намеҷунбанд. Баъди ба итмом расонидани ин кор ба васл кардани зеҳҳо шуруъ мекунад, яъне барои торҳояш аз зеҳ (жилка) истифода мекунад. Ҳамзамон дутор гӯшак ва харак дорад, ки аз чӯби зардолу ва тут дар як рӯз тайёр карда мешаванд. Сӯрохиҳои болояш барои он гузошта мешаванд, ки овоз хубтар барояд. Баъди анҷоми ҳамаи ин корҳо дуторро нақшу нигор мекунанд.  Пас аз тайёр кардани дутор онҳоро барои фурӯш ба бозорҳои шаҳр мебароранд ва ё чун армуғон дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ мегузоранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст