Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид

Март 22, 2026 21:38

ДУШАНБЕ, 22.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии гӯштингирӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқа дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон давоми беш аз панҷ соат бо ҳам рақобат карданд.

Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир гардида, ки дар он паҳлавонҳои шинохта ба монанди Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Мансур Раҳмонов, Дадахон Қурбоналиев, Субҳиддин Халилзода, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Мулораҷаб Халифаев, Абубакри Акобир, Наврӯз Каримзод ва дигар варзишгарон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон доданд.

Хотиррасон мешавем, ки ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳои арзанда шуданд.

Барои ба даст овардани Шоҳҷоизаи олӣ — электромобил ду паҳлавон — Субҳиддин Халилзода аз шаҳри Роғун ва Шодмон Ризоев аз шаҳри Кӯлоб рақобат намуданд. Субҳиддин Халилзода бо як партофт Шодмон Ризоевро мағлуб намуда, сазовори мукофоти олӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хос дорад. Гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.

Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.

Пешвои миллат соли 2015 зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2026 21:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд