СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст

Март 21, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар/. Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон буда, асосан дар фасли баҳор, хусусан дар остонаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври дастҷамъона бо ҳузури занону духтарони гузару маҳаллаҳо, зери садои дафу доира, рақсу кафкӯбӣ ва замзамаи таронаи “Суманак” омода карда мешавад. Суманак аз дигар таомҳо тафовут дошта, он як навъ таоми серғизои хушхӯр мебошад, ки байни мардумамон маъмул аст.

Ин тарона чунин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак назри баҳор аст,
Милаи шабзиндадор аст.
Ин хушӣ соле як бор аст,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Орзу имшаб хурӯшад,
Суманак дар худ биҷӯшад,
Дилхушӣ ҷома бипӯшад,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Ин гули фасли баҳорон,
Дилхушӣ дорад ҳазорон,
Хоса бар шабзиндадорон,
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Маҳсулоти суманакро аслан аз гандуми сабзида тайёр менамоянд. Омода намудани гандум барои суманакпазӣ аз ҳар кадбону масъулияти хосро тақозо менамояд. Гандуми сурхи пурмағзи навъи маҳаллӣ, ки шираи бисёр дорад, интихоб карда мешавад. Аввал гандумро покиза намуда, якчанд маротиба шуста, як шабонарӯз дар зарфи обдор нигоҳ медоранд. Сипас, онро ба рӯйи табақи сафол ё дигар зарфи хӯрокхӯрӣ рехта, ҳамвор мекунанд. Болои гандумро бо матои пахтагини сафед, хусусан дока мепӯшонанд ва ҳар рӯз саҳарии барвақт ба рӯйи он об мепошанд. Агар ҳаво боронӣ бошад, зарфи гандумро зери борони найсони баҳорӣ ҳам мегузоранд ва дар ин маврид об пошидан шарт нест.

Ҳангоми неш задани гандум, ки барои суманак омода мешавад, онро бо корд дар рӯйи тахта мебуранд ва ҳаҷми пораҳои буридашуда, бояд 10 см бошад. Онро дар уғурак кӯфта, шираашро мегиранд. Баъд ба дег андохта, шираашро бо орд меомезанд. Ба оташдон аловӣ, хусусан кундаҳои ғафс гузошта, занону духтарон бо навбат бо замзама намудани таронаи суманак деги суманакро мекобанд. Барои дар зери дег начаспидани шираву орд 10-15 сангча ё чормағзро ба дег меандозанд. Суманак дар муддати на кам аз 12 соат тайёр мешавад, ба шарте, ки доим дар ҳолати ҷӯшидан бошад.

Тарзи дигари тайёр кардани суманак чунин аст: барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд. Сипас, дар зарфи зангнозан тақрибан се рӯз тар карда, нигоҳ медоранд. Баъди неш задани гандум онро ба ғафсии 1-1.5 см ба рӯи тахтаи тоза рехта, дар ҷои соя мегузоранд ва то сабзидан ҳар саҳар об пошида меистанд. Баъди сабзидани гандум тақрибан баъди 3-4 рӯз сабза (майса)-и онро қима намуда, дар уғурак мекӯбанд ва аз болояш об рехта, се маротиба аз дока гузаронида, шираашро мегиранд ва дар зарфҳои алоҳида нигоҳ медоранд. Равғани пахтаро доғ карда, баъд хунук мекунанд. Ба он орд, шираи сабзаи гандум рехта, онҳоро меомезанд ва дар оташи баланд меҷӯшонанд. Сипас, шираи дуюм ва сеюмро рехта, пухтанро давом медиҳанд. Суманакро дар оташи баланд 10-12 соат мепазанд ва барои начаспидани шираи гандум ба дег 15-20 дона чормағз ё сангча андохта, бо белчаи чӯбин мунтазам кофта меистанд. Баъди пухтан оташи таги дегро берун кашида, суманакро то 2-3 соат дар гармии оташдон дам медиҳанд. Тоҷикони Бухоро ғайр аз шираи гандум ба суманак инчунин қиёми қанд ё ширинӣ низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин мешавад ва онро муддати дароз нигоҳ доштан имконпазир аст.

Суманакро дар шакли кулча низ, пухтан мумкин аст, ки тарзи тайёр кардани он чунин аст: ба хамир ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ менамоянд. Барои 1 кг равғани пахта 0,5 кг гандум, 2 кг орди гандуми баҳорӣ, 15-20 дона чормағз ё сангча зарур аст. Барои пухтани суманаки кулчагӣ кадбонуҳо ба шираи полондашуда орд ҳамроҳ намуда, хамир мешӯранд ва аз хамири ҳосилшуда кулча карда, дар танӯр ё дар таги хокистари оташдон ё дар болои тобасанг мепазанд, ки дар байни мардум ҳамчун суманаки нонӣ ё кулчагӣ маъмул аст.

Баъди пухтани суманак тибқи анъанаи тоҷикон онро ба хешу табор ва ҳамсояҳо низ тақсим мекунанд, то тамоми сол дар ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъӣ дар фазои сулҳу субот умр ба сар баранд ва ризқу рӯзии аҳли оилаю тамоми маҳал фаровон гардад.

Тарзу усули тайёр кардани ин таоми суннатии идона дар асари «Ёдгориҳои наслҳои гузашта»-и донишноманависи барҷастаи асрҳои миёнаи тоҷик Абурайҳон Берунӣ низ баён шудааст. Дар ин асар аввалан аз ҳамон намуди маъмулии суманак — суманаки дегӣ ёд шуда, гуфта мешавад, ки онро одатан дар арафаи ид тамоми шаб то субҳи соли нав дар дег мепазанд ва дар ин маросим 30-40 зан иштирок мекунад. Суманаки тайёрро субҳи барвақт 1-2 соат дам медиҳанд ва баъд бо роҳбарии зани аз ҳама калонсол ва муътабар онро ба пиёлаҳо рехта, ба рӯи дастархони идона мегузорад. Тақсими суманак қисми муҳими маросими суманакпазӣ буда, нишонаи ҳосилхезӣ, неъмат ва зиндагии пурфайз дониста мешавад. Мардум, ки ҳангоми пухтани суманак орзуву ният мекунанд, бар он боваранд, ки тақсими он амалишавии ин орзуҳоро зудтар мекунад.

Дар маҷмуъ, суманак рамзи суфраи наврӯзӣ ва таоми суннатии мардуми ориёинажод, хусусан тоҷикон аст, ки аз сабзаи гандум омода карда мешавад. Он намоди шодиву нишот ва файзу баракат дар соли нави хуршедӣ –Наврӯз аст, ки чун эҳёи табиат ва баробаршавии шабу рӯз тафсир меёбад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад