ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, душанбе, 61-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 2, 2026 08:00

2 марти соли 1960 марҳилаи аввали истеҳсолоти Комбинати қолинбофии Қайроққум ба истифода дода шуд.

***

2 марти соли 1992 ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Узбекистон  ҳамчун давлати соҳибистиқлол аъзои Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

***

2 марти соли 1992 зимни ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аъзо шуд.

***

2 марти соли 2011 дар Тоҷикистон Шурои  рушди  тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

***

2 марти соли 2013 Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд.

***

2 марти соли 2016 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерриш ба муносибати 25-солагии узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ман аз дастгирии Ҳукумати шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст».

***

2 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финландия ба Президенти Ҷумҳурии Финландия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

2 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд.

***

1 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуд.

2 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии гӯгирд.

***

Дар Ливия – Рӯзи тахлия

РӮЙДОДҲО:

Соли 1923 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин шумораи маҷаллаи «Time» нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил гардид.

***

2 марти соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

Март 2, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, якшанбе, 60-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст