АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсиятест, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори адиб ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад.
-Тоҷикону эрониёнро, ки ду миллати ориёӣ ҳастанд, аз қадимулайём адабу фарҳанг ва таъриху тамаддуни муштарак ба ҳам мепайванданд. Муҳимтарин унсури ин муштаракот умумияти забон аст, ки аз умқи таърих то кунун, новобаста ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар қаламрави паҳновари ориётаборон ҳамвора боиси тақвияти пайвандҳои адабиву фарҳангии ин ду миллати бостониву тамаддунофар гардидааст. Дар ҳифз ва рушду тақвияти пайвандҳои адабиву фарҳангӣ байни тоҷикону эрониён нобиғагони ду миллат нақши бузург доштаанд. Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Камолу Ҳофиз, Ҷомиву Соиб ва садҳо бузургони шеъру адаб воқеан ҳалқаҳои пайванди маънавии тоҷикону эрониён дар масири таърих буданд. Дар замони муосир низ ин суннати дерин идома пайдо кард ва бузургоне, ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Фарзона ва ҳамсафони онҳо аз Тоҷикистон, Саъид Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Парвиз Нотили Хонларӣ, Нодири Нодирпур, Нимо Юшиҷ, Шаҳриёр, Симини Беҳбаҳонӣ, Фаридуни Муширӣ ва ҳамтирозони онҳо аз Эрон чун ситорагони қутбнамои шеъру адаб ва маънавият мавриди таваҷҷуҳи густардаи аҳли илму адабу фарҳанг дар кишварҳои ҳамдигар қарор гирифтанд ва пайвандҳои маънавии дерини ду миллатро таҷдид ва идома бахшиданд. Натиҷаи ин амр буд, ки дар Тоҷикистон эроншиносӣ ва дар Эрон тоҷикшиносӣ чун риштае аз улуми адабӣ, таърихӣ ва ҷомеашинохтӣ шакл гирифтанд.
Бояд гуфт, ки тоҷикшиносии муосир дар Эрон дар солҳои бистуми қарни гузашта бо муаррифии шоистаи китоби устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҷониби адиб ва муҳаққиқи барҷастаи эронӣ, устоди зиндаёд Саъид Нафисӣ оғоз ёфта буд. Давоми сад соли баъдӣ низ ном ва осори устод Айнӣ пайваста дар меҳвари тоҷикшиносии Эрон қарор дошт. Давоми ин солҳо адибону адабпажӯҳони эронӣ, ба мисли Алиасғари Ҳикмат, Парвиз Нотили Хонларӣ, Ҳабиби Яғмоӣ, Эраҷи Афшор, Ҳусайни Лисон, Шафеъии Кадканӣ, Карими Кишоварз, Саъидии Сирҷонӣ, Шаҳбози Эраҷ, Алии Равоқӣ, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Ораши Эронпур, Ҳасани Ҷаводӣ, Масъуди Ирфониён, Озито Ҳамадонӣ, Ҳасани Шуҷоимеҳр, Муҳсини Фараҳбар ва дигарон дар муаррифӣ, нашр ва таҳқиқи рӯзгору осори Устод Айнӣ саҳм гузоштанд ва бад-ин васила муҳити муносиберо барои шакл гирифтани айнишиносӣ дар кишвари ҳамзабон фароҳам оварданд.
Бо таҳсину ситоиш аз саҳми ҳар яке аз фарҳехтагони мазкур дар айнишиносии эронӣ бояд аз корномаи адабиётшинос ва матншиноси эронӣ Мустафо Бобохонӣ ба таври вижа ёдовар шуд, зеро ӯ дар даҳсолаи ахир бо нашри мураттаб ва муназзами осори Устод Садриддин Айнӣ барои ба самти пешрафта ва муосири тоҷикшиносии эронӣ табдил ёфтани айнишиносӣ хидматҳои бузурге ба анҷом расонид.
Қабл аз шарҳи фаъолияти айнишиносии Мустафо Бобохонӣ беваҷҳ нест, агар назаре ба собиқаи иртиботи ӯ бо Тоҷикистон ва забону адабиёти он биандозем, зеро ангезаҳои руҷӯи вай ба ном ва осори Устод Айнӣ ва дилбастагиаш ба айнишиносӣ дар ҳамон марҳилаи зиндагиаш пайрезӣ гардида буданд. Мустафо Бобохонӣ (тав. с.1977 дар Бушеҳри Эрон) донишкадаи забону адабиёти форсии Донишгоҳи озоди Бушеҳр ва баъдан давраи коршиносии аршад (магистратура)-ро дар ҳамин донишгоҳ бо ҳимояи рисола дар мавзуи «Шахсиятҳои «Маснавӣ» дар гузаргоҳи ҷабру ихтиёр» ба итмом расонидааст. Дар давраи донишҷӯӣ дар пайи ҷустуҷӯи китобҳои шоир, адиб ва муҳаққиқи тавонои эронӣ Саъидии Сирҷонӣ бори нахуст бо китоби “Ёддоштҳо”-и Устод Айнӣ ошно мешавад, ки онро донишманди мазкур соли 1983 дар Эрон ба таври комил ба нашр расонида буд. Баъдан соли 2007 Мустафо Бобохонӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар ин сафар ишқу алоқаи фаровон ба мардуми тоҷик, забону адаб ва фарҳанги онҳо дар қалби ӯ ошён мегузорад. Соли баъдӣ – 2008 ин ишқу алоқа ӯро муҷаддадан ба Тоҷикистон меорад, то таҳсилашро дар докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳад ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Корбурди куҳанулгу (архетип) дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» бо роҳбарии илмии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2011 ҳимоя кунад. Ин солҳо барои Мустафо Бобохонӣ на танҳо солҳои таҳқиқу пажӯҳиши муваффақона пиромуни рисолаи илмиаш буд, балки марҳилаи пурбаракати ошноӣ бо забону адаби Тоҷикистон ва нобиғагони миллати тоҷик, ба вижа Устод Садриддин Айнӣ, давраи ҳамкории пурсамар бо донишмандони тоҷик ва замони ташаккули шахсияти ӯ ба ҳайси як тоҷикдӯсти самимӣ ва тоҷикпажӯҳи пурталош гардид.
Мустафо Бобохонӣ дар солҳои баъдӣ низ ба Тоҷикистон сафарҳое ба хотири иштирок дар маҳфилу ҳамоишҳои илмӣ анҷом додааст. Раҳоварди ин солҳо ва ин сафарҳоро Мустафо Бобохонӣ дар муқаддимаи китоби “Ёддоштҳо”-и Устод Айнӣ, ки бо кӯшиши ӯ дар Теҳрон ба нашр расид, эҳсоси хушбахтӣ аз дӯстиву муошират бо устодон ва дӯстону бародарони тоҷик ва ҳузураш дар Тоҷикистон номидааст, чунончи: “Ман бо овози баланд мегӯям, ки ман басе бахтиёр будаам, ки борҳо ва борҳо ба Тоҷикистон рафтаам ва таҳсили худро дар мақтаъи докторӣ дар Донишгоҳи миллии онҷо гузаронида, аз поённомаам дифоъ кардаам ва муддати зиёде муқими онҷо будаам ва ҳузури устодони бузургеро, ки худ мунтақид, адабиётшинос, забоншинос ва матншинос буданд ва аз ин миён баъзе ба айнишинос будан ҳам ном баровардаанд, дарк кардаам. … Дар бисёре аз дарсҳо, маҳфилҳо, нишастҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва адабии онҷо иштирок карда, чизҳое омӯхтаам ва бо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳашру нашр (муошират)-и бисёр дошта, дӯстони хуб ва азизе ёфтаам ва бо онон рафтуомад карда, дар ҷашнҳову маъракаҳо ва маросими сӯгу шодии онҳо ширкат намуда ва аз онон баҳраҳои фаровон бурдаам” (саҳ.28).
Раҳоварди дигари сафарҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати Мустафо Бобохонӣ ба Тоҷикистон кӯлбори пурбори донишу маърифат аз рӯзгори ибратомӯз ва осори миллатсози Устод Айнӣ буд. Ин кӯлбори маънавӣ дилбастагии Мустафо Бобохониро ба ном ва осори бунёнгузори адабиёти тоҷик беш аз пеш афзуд ва айнишиносиро дар меҳвари фаъолияти баъдии илмиву таҳқиқотии ӯ қарор дод.
Нахустин асари Устод Айнӣ, ки Мустафо Бобохонӣ онро бо ҳадафи муаррифии зиндагиномаи Айнӣ ба хонандагони эронӣ дар соли 2016 дар Теҳрон ба нашр расонид, “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” буд (Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам. Муқаддима, тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Мустафо Бобохонӣ, — Теҳрон: Орван, 1395. — 264 саҳ.). Дар муқаддимаи ҷолиби китоби мазкур Мустафо Бобохонӣ дар баробари мурур ба рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ равиши худро дар тасҳеҳ ва таҳқиқи матни “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” таъкид кардааст. Афзун бар ин, Мустафо Бобохонӣ бархе аз луғот, таркибот, таъбирот ва истилоҳоти хоси забони тоҷикиро, ки дар “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам” истифода шудаанд, бо диққат ва ҳавсалаи тамом шарҳу тавзеҳ додааст.
Пас аз ин Мустафо Бобохонӣ ба китоби “Ҷаллодони Бухоро”-и Устод Айнӣ рӯй овард ва онро соли 2018 бо тасҳеҳу тавзеҳоти фарогир ба хати форсӣ ба нашр расонид. Мустафо Бобохонӣ илова бар муқаддимаи худ ҳамчунин навиштаҳое аз устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва Абдулхолиқи Набавиро доир ба ин китоби Устод Айнӣ ба хонандаи эронӣ пешниҳод кардааст (Айнӣ С. Ҷаллодони Бухоро. Муқаддима, тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Мустафо Бобохонӣ, — Теҳрон, интишороти Орван, 1397. – 207 саҳ.)
“Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ” китоби дигаре буд, ки онро Мустафо Бобохонӣ дар ҳамкорӣ бо айнишиноси тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ гирдоварӣ ва вироиш намуда, соли 2018 ба хати форсӣ дар хидмати аҳли адаб ва хонандагони эронӣ гузошт. (Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ. Гирдоварӣ, пажӯҳиш, тасҳеҳ ва вироиши Абдулхолиқи Набавӣ ва Мустафо Бобохонӣ. – Теҳрон: Орван, 1397. – 248 саҳ.). Ин китоб бо сарсухани Мустафо Бобохонӣ ва мақолаи муфассали Абдулхолиқи Набавӣ бо номи “Рӯйкарди Садриддин Айнӣ ба адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ” оғоз ёфта, рисола ва мақолаҳои пажӯҳишии Устод Айниро доир ба Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Алишери Навоӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дигарон дар бар гирифтааст. Дар маҷмуъ, ин китоб пас аз “Намунаи адабиёти тоҷик” дуюмин асари Садриддин Айнӣ аст, ки шахсияти ӯро ба унвони адабпажӯҳи жарфнигар ва мунтақиди адабии моҳиятбин дар назари аҳли илму адаб ва хонандаи эронӣ ба ҷилва меорад.
Соли 2019 бо талошҳои хастагинопазири Мустафо Бобохонӣ романи муҳташами устод Айнӣ “Ғуломон” дар Эрон рӯи чопро дид (Айнӣ С. Ғуломон. Муқаддима, тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Мустафо Бобохонӣ, — Теҳрон: Орван, 1398 . -756 саҳ.). Дар муқаддима Мустафо Бобохонӣ ангезаҳои рӯй овардани худ ба “Ғуломон” ва нашри он ба хати форсиро баён карда, ба муҳимтарин вижагиҳои ин асари устод Айнӣ аз лиҳози мавзуъ, воқеият ва таърихияти тасвир, забон ва тарзи баён, истифодаи аносири адабиёти шифоҳӣ ишора кардааст. Мақолаи айнишиноси тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ “Нигоҳе ба рӯзгор ва ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва адабии Садриддин Айнӣ”, ки пас аз муқаддимаи мусаҳҳеҳ омадааст, аз аҳамияти босазое дар муаррифии рӯзгор ва осори гуногунҷанбаи устод Айнӣ бархурдор аст. Як хусусияти нашри форсии “Ғуломон” аз ҷониби Мустафо Бобохонӣ ин аст, ки ӯ феҳристе муштамил ба сад сафҳа аз вожагон, иборот ва истилоҳоти хоси забони тоҷикиро ба китоб замима кардааст. Ин феҳрист маҳсули ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳои зиёди муаллиф дар тавзеҳ ва тафсири вожагон ва истилоҳоти хоси тоҷикӣ буда, табаҳҳури ӯро дар забони тоҷикӣ ба намоиш гузоштааст
Хизмати бузурге, ки Мустафо Бобохонӣ дар муаррифии устод Айнӣ дар Эрон ва олами форсизабонон ба анҷом расонид, ин нашри “Ёддоштҳо” дар як маҷмуаи шашҷилдӣ соли 2025 дар Теҳрон аст. Чаҳор ҷилди аввали ин маҷмуа фарогири матни “Ёддоштҳо” буда (Айнӣ С. Ёддоштҳо. Бо тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Мустафо Бобохонӣ. Ҷилдҳои 1- 4. – Теҳрон: Орван, 1404), таҳиягар ба он ду ҷилди ҷудогонаро бо номҳои “Вожаномаи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” ва “Пайвастҳои “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” афзудааст.
Чунон ки қаблан ишора шуд, “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ соли 1983 аз ҷониби нависанда ва донишманди маъруфи эронӣ Саъидии Сирҷонӣ ба таври комил ба нашр расида буд. Ангезаи нашри нави “Ёддоштҳо”-и Устод Айнӣ тавассути Мустафо Бобохонӣ, аз як тараф, ноёб гардидани нашри аввали он бо кӯшиши Саъидии Сирҷонӣ ва аз тарафи дигар, зарурати ислоҳи костиҳои нашри аввал ва ба вуҷуд овардани матни тасҳеҳ ва танқеҳшудаи ин шоҳкори Устод Айнӣ бо тавзеҳоти зарурӣ ба хати форсӣ буд. Мустафо Бобохонӣ нашри нави “Ёддоштҳо”-ро бар асоси чопи форсии ин китоб тавассути Нашриёти давлатии Тоҷикистон (солҳои 1958-1959, таҳти назари Раҳим Ҳошим) ва чопи “Ёддоштҳо” дар ҷилдҳои 6 ва 7–и “Куллиёт”-и Айнӣ дар соли 1962, ҳамчунин муқоисаву муқобалаи ин ду манбаъро бо нашрҳои баъдии шоҳкори Айнӣ дар Тоҷикистон таҳия намуд. Мустафо Бобохонӣ ду чопи фавқуззикри форсӣ ва тоҷикии “Ёддоштҳо”-ро сатр ба сатр бо ҳам муқоиса намуда, бо такя ба имтиёзоти ин ду чоп ва риояти амонат ва вафодорӣ ба матн муваффақ шудааст, ки як матни тасҳеҳ ва танқеҳшудаи “Ёддоштҳо”-ро ба хати форсӣ ба хонандагони форсизабон пешниҳод кунад.
Кори дигари заҳматталаб, вале зарурӣ барои хонандаи форсизабон, ки Мустафо Бобохонӣ дар равиши тасҳеҳ ва вироиши матни китоб анҷом додааст, ин ҳаракатгузорӣ бар вожаҳо ва истилоҳоте дар матн аст, ки хоси забони тоҷикӣ ва ношинос барои хонандаи эронӣ мебошанд. Мусаҳҳеҳ аксари кулли ин вожаву истилоҳотро дар поварақҳои китоб шарҳу тавзеҳ додааст, то дарку фаҳми онҳо барои хонандаи эронӣ ба осонӣ даст диҳад. Дар ин кор Мустафо Бобохонӣ аз фарҳангу луғатномаҳои дар Тоҷикистону Эрон чопшуда, ба мисли “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ”-и Устод Айнӣ, “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, “Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро”, “Лаҳҷаи бухороӣ”-и Аҳмадалӣ Раҷоии Бухороӣ, “Забони форсии фарорудии тоҷикӣ”-и Алии Равоқӣ мадад ҷустааст. Дар мавриди шарҳу тавзеҳи баъзе аз вожаву истилоҳоти “Ёддоштҳо”, ба вижа истилоҳоти русӣ мусаҳҳеҳ ба донишмандон ва устодони тоҷик муроҷиат карда ва кумаки онҳоро бо камоли ташаккур ва қадрдонӣ баён кардааст.
Ҳосили кори Мустафо Бобохонӣ дар ковиш ва шарҳу тавзеҳи вожаҳо, таркибот, таъбирот ва истилоҳоти “Ёддоштҳо” на танҳо поварақҳои китобро музайян кардаанд, балки боиси таҳияи китобе бо номи “Вожаномаи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” (472 саҳифа) шудааст. Ин китоб дар зоти худ идома ва такмили луғатномаи мухтасари “Ёддоштҳо” аст, ки дар вақташ Саъидии Сирҷонӣ онро таҳти унвони “Фарҳанги вожаҳои тоҷикӣ” ба нашри нахусти шоҳкори Айнӣ замима карда буд, вале аз лиҳози ҳаҷм ва вусъати фарогирии мадхалҳо, сиҳҳату диққати шарҳи вожаҳо ва нишон додани шакли хониши тоҷикии онҳо бар луғатномаи Сирҷонӣ имтиёзи мусаллам дорад. “Вожаномаи“Ёддоштҳо”-и Айнӣ” ҷузъе аз маҷмуаи шашҷилдаи “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ дар таҳияи Мустафо Бобохонӣ аст, вале ҷудо аз ин маҷмуа низ метавонад ба масобаи луғатномаи форсӣ – тоҷикии муосир мавриди истифода қарор гирад.
Дар доираи маҷмуаи шашҷилдии “Ёддоштҳо” Мустафо Бобохонӣ як ҷилди дигарро бо номи “Пайвастҳои “Ёддоштҳо”-и Айнӣ” (286 саҳифа) таҳия кардааст. Ин ҷилд бо муқаддимаи муфассал ва хондании Мустафо Бобохонӣ оғоз меёбад (саҳ.7-35), ки дар он муаллиф ҳикояти ошноии худро бо осори Айнӣ ба қалам оварда, муҳимтарин вижагиҳои адабиву бадеии “Ёддоштҳо” ва аҳамияти шахсият ва осори устодро барои тоҷикон ва олами форсизабонон баён кардааст. Шарҳу тавзеҳи дақиқи равиши кори Мустафо Бобохонӣ дар тасҳеҳ ва вироиши “Ёддоштҳо” ва арзёбии мунсифонаи фазилатҳо ва костиҳои нашри нахусти ин асари Айнӣ аз ҷониби Саъидии Сирҷонӣ низ аз мазиятҳои шоистаи таъкиди ин муқаддима аст.
Дар идомаи ин ҷилд Мустафо Бобохонӣ ҳашт мақолаи пажӯҳишгарони тоҷик (Ш.Исрофилниё, Н.Зоҳидӣ, А.Раҳмонзода, Р.Раҳмонӣ, М.Имомзода, А.Маҳмадаминов ва Л.Шарифзода, М.Хоҷаева, А.Кучарзода ва Ш.Ҷамшед)-ро доир ба Садриддин Айнӣ ва “Ёддоштҳо”-и ӯ оварда, бо ин кор мадхалеро барои хонандаи эронӣ барои вуруд ба боргоҳи ин шоҳкори адабиёти тоҷик ва фаҳму дарки вижагиҳои адабиву бадеӣ ва ғоявии он фароҳам овардааст.
Дар маҷмуъ, Мустафо Бобохонӣ бо таҳия ва нашри шашҷилдаи “Ёддоштҳо”-и Айнӣ заминаи мусоид барои огоҳии аҳли илму адаб ва хонандагони форсизабон аз рӯзгор ва корномаи мондагори Садриддин Айнӣ ва осори ӯ, аз таърихи тоҷикон ва адабу фарҳанги Тоҷикистони муосир фароҳам овардааст. Муруре бар маҷмуаи шашҷилдаи “Ёддоштҳо” гувоҳи он аст, ки Мустафо Бобохонӣ дар кори бузургу заҳматталаби нашри, ба қавли ӯ, “охирин ва дар айни ҳол беҳтарин, зеботарин, боарзиштарин, таъсиргузортарин ва машҳуртарин асари Айнӣ” ба тавфиқ даст ёфта ва номи худро дар айнишиносии Эрон мондагор намудааст.
Афзун бар осори Устод Садриддин Айнӣ Мустафо Бобохонӣ ҳамчунин ду китоби академик Муҳаммадҷон Шакурӣ – яке “Садриддин Айнӣ” (Теҳрон: Орван, 1395/2016) ва дигаре “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” (Теҳрон: Орван, 1399/2020), китоби Садрӣ Саъдӣ “Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих” (Теҳрон: Орван, 1398/2019), китоби Субҳон Амирзода “Рӯдакӣ — аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ” (Теҳрон: Орван, 1396/2017) ва китоби Анзурати Маликзод “Шаҳиди Балхӣ — шоири бузурги замони Сомониён” (Теҳрон: Орван, 1398/2019)-ро ба нашр расонида, дасти тавонои худро дар муаррифӣ ва таблиғи дастовардҳои адабпажӯҳии Тоҷикистон дар Эрон таъйид кардааст.
Дар маҷмуъ, Мустафо Бобохонӣ давоми даҳ соли ахир осори Устод Айнӣ ва китобҳои муҳаққиқони тоҷикро дар 15 ҷилд бо муқаддимаҳои муфассали пажӯҳишӣ, тавзеҳоту таълиқоти дақиқ ва замимаи луғатномаи вожаву таъбироти хосси тоҷикӣ ба хати форсӣ дастраси хонандагони эронӣ ва форсизабонони ҷаҳон намудааст. Ин воқеан корномаи бузург ва шоистаи таҳсин ва тақдир аст, ки сирраш дар камоли муҳаббат ва иродати ин муҳаққиқи эронӣ ба забон ва адабу фарҳанги тоҷик, ба падари маънавии миллати тоҷик Устод Айнӣ, ба мардуми ҳамзабони тоҷик ва Тоҷикистони дӯсту бародар, ки таҳти роҳнамоии Пешвои хирадманду хирадгарояш гоми 35-уминро дар масири Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоияш мениҳад, нуҳуфтааст.
Низомиддин ЗОҲИДӢ,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид






