ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд

Март 23, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли баҳор дар Тоҷикистони офтобрӯя садҳо навъи гулу гиёҳ мерӯяд, ки барои саломатии инсон фоида доранд. Махсусан, истеъмоли пудина, шибит, сиёҳалаф, модел, торон, рошак, ҷағ-ҷағ, чукрӣ, кокутӣ, ҷамилак, барги зулф (зуф) ва хӯрокҳои аз онҳо тайёршуда манфиатовар аст. Имрӯзҳо, ки дар бозорҳои мамлакат гиёҳҳои навруста фаровон аст, бояд аз онҳо самаранок истифода барем. Аз гиёҳҳо кадом намуди хӯрокҳо омода карда мешаванд? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ хӯрокҳои болаззат омода месозанд, то саломатии худу аҳли оилаашонро аз бемориҳои гуногун муҳофизат намоянд. Таомҳое, ки аз гиёҳҳои тару тоза омода карда мешаванд, аз витамин бой буда, барои организми инсон фоидаоваранд. Аз ҷумла, умоч, сиёҳалаф, оши бурида, туппа ва биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар бемориҳои мавсимӣ барои саломатӣ муфид мебошанд.

Умоч

Умоч хӯроки қадимии тоҷикон буда, аз сабаби он ки таоми тез ҳазмшаванда мебошад, аксари вақт онро шомгоҳон тайёр мекунанд. Умочро аз гиёҳҳои гуногуни тар ва ё хушккарда омода менамоянд. Ин хӯрок хосияти тоза намудани меъдаю рӯдаҳоро дошта, дамиши шикамро паст ва ҳазмкуниро осон менамояд. Истеъмоли умоч ҳангоми дарди сар, бемории зуком, набудани иштиҳо, мондашавӣ ва беҳолӣ фоидабахш аст.

Умочи бо дӯғ

Дар ин таом орд, нахӯд, об, намак, дӯғ ё чурғот, пудина, ҷамилак, шибит, садарайҳон ва гашниҷ истифода мебаранд. Барои омода намудани он каме ордро бо об омехта карда, то ба монанди доначаҳои биринҷ шуданаш каф мезананд. Умочи кафзадаро алоҳида монда, дар дег об, нахӯд, гиёҳи тар ё хушки шибит, пудина, райҳон, ҷамилак ва намак андохта, онро то пухтани нахӯд меҷӯшонанд. Баъд аз он умочро ҳамроҳ карда, то 5 дақиқа меҷӯшонанд.

Умоч бо сиёҳалаф

Барои тайёр намудани ин намуди умоч дар зимистон аз сиёҳалафи хушк ва дар баҳор аз гиёҳи наврустаи он истифода мебаранд. Сиёҳалафро майда реза карда, бо обу намак ва биринҷ меҷӯшонанд. Баъди пухтани биринҷ ба он умоч ҳамроҳ мекунанд ва чанд дақиқаи дигар меҷӯшонанд.Пеш аз истеъмол ба ин хӯрок чакка ҳамроҳ мекунанд.

Оши туппа ва бурида

Оши туппа яке аз таомҳое мебошад, ки мардуми тоҷик онро хеле зиёд меписанданд. Ин хӯрок аз хамир омода шуда, зуволаҳои дар он истифодашавандаро чоркунҷа мебуранд. Дар оби он нахӯд ва лӯбиё андохта, ба муддати 15-20 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз он ба оби ҷӯшидаистода гиёҳҳо, аз ҷумла пудина, райҳон, кокутӣ, ҷамилак, кашниз ва дигар растаниҳои фоидабахш андохта мешавад. Сипас хамирҳои буридашударо ба дег мепартоянд. Оши туппа дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об дар зарфи 5-7 дақиқа мепазад.

Бо ҳамин тарз кадбонуҳои тоҷик оши бурида низ тайёр менамоянд, аммо хамири оши бурида нисбат ба оши туппа тунуктар аст. Ҳамчунин баъди буридани зувола торҳои буридашударо бо усули дастак задан мустаҳкам ва борику дароз менамоянд.

Биринҷоба

Биринҷоба яке аз намудҳои таоми миллии хушхӯр буда, онро бештар ҳангоми бемории зуком истеъмол мекунанд. Ин таом аз биринҷ, об, бехпиёз, помидор, кабудӣ, намак ва мурч тайёр карда мешавад. Барои омода кардани он биринҷ, гиёҳҳои гуногун, намак ва мувофиқи табъ помидор ва мурч низ ҳамроҳ карда, меҷӯшонанд. Пас аз он, ки пухт, ба косаҳо кашида, онро бо чакка ва қаланфури тунд истеъмол менамоянд.

Ойлова

Ойлова яке аз ғизоҳои дӯстдоштаи сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ба шумор меравад. Ин хӯроки сервитаминро дӯстдорони он маҳз дар фасли баҳор тайёр менамоянд. Дар фасли тирамоҳу зимистон онро бо гиёҳҳои хушк омода месозанд. Барои пухтани ойлова растаниҳои худрӯй, аз қабили раҳдавак, гӯши бузак, пудина, сиёҳалаф, ҷоҷӣ, каравчак, шибит, ҷамилак, барги зулф, барги рошак, об ва каме орд зарур аст. Маҳсулот бояд дар оташи на он қадар баланд 30 дақиқа ҷӯшонида шавад. Сипас ба об орд андохта, то ба маҳлул табдил гардиданаш омехта карда, баъд ба дег андохтан зарур аст. Ойловаи омодашударо ба табақи чӯбин кашида, дӯғ ва гашнич ҳамроҳ менамоянд.

Ширчой бо гиёҳҳо

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон пудина, шибит ва райҳонро ҳангоми тайёр намудани хӯрокҳо аз шир низ истифода мебаранд. Масалан, ҳангоми тайр кардани умочи ба шир ва ширчой аз чанд намуд гиёҳи шифобахш истифода мебаранд. Ширчойро бо чунин тарз омода мекунанд: ба дег каме чойи хушк, намак андохта, ба ҷӯш меоранд. Сипас ширро ба дег рехта, ба он пиёзи бехӣ, пудина ва ё шибиту райҳон илова мекунанд.

Самбӯсаи алафӣ

Самбӯсаи алафӣ яке аз хӯрокҳои маъмул дар байни аҳолӣ буда, занони тоҷик онро бештар дар фасли баҳор тайёр менамоянд. Самбӯсаи алафӣ ҳатто дар ошхонаю тарабхонаҳои мамлакат барои муаррифӣ намудани хӯрокҳои миллӣ ба сайёҳон ҳамчун бренди миллӣ омода ва пешниҳод мешавад. Барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, растаниҳои худрӯй, пиёз ва мурчу зира зарур аст. Бояд гуфт, ки самбӯса яке аз хӯрокҳои асосии хони наврӯзии «Ҳафт син» ба шумор рафта, новобаста ба фасли сол таҳия мегардад. Аммо самбӯсаи алафӣ аз таомҳои хоси баҳорӣ аст.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард