Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 22.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги беназири тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, инчунин иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон аз 22 то 27 март идома ёфта, онҳо бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои Тоҷикистон шинос мешаванд. Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори оммаи Қирғизистон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.
Ҳадафи асосии ин сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мегардад.
Имрӯз дар доираи сафар хабарнигорони Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» иштирок намуда, бо суннату ойинҳои қадимаи Наврӯз, расму русуми миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ боздид карда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Хабарнигорони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафари ҷавобӣ анҷом медиҳанд ва дар ин муддат дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки ба ҳамин монанд гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 ба Қирғизистон сафар намуда буд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






