ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?

Март 2, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби ноболиғону ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои мубрами ҷомеа боқӣ мемонад. Ҳарчанд ниҳодҳои дахлдор дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷомеаро аз таъсири манфии он ҳушдор медиҳанд, аммо то ҳол падару модароне ҳастанд, ки дидаю дониста фарзандони худро дар назди ба ном «муллоҳо» барои гирифтани таълимоти динӣ мемонанд.  

Тавре Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 149 нафар ноболиғ ва 308 ҷавон ба таҳсили ғайрирасмии динӣ ҷалб гардидаанд. Нисбат ба ҳамаи ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки таълимоти ғайрирасмии динӣ, дур мондани наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин бегонапарастӣ ва таъсири идеяҳои ифротӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд заминаи дохилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистиро фароҳам оваранд.

«Вақте наврас аз мактаб, муҳити солими таълим ва илму дониш дур мешавад, эҳтимоли ҷалб гардидани ӯ ба муҳити пӯшидаю назоратнашаванда бештар мегардад. Дар чунин шароит тавассути шабакаҳои интернетӣ ва таблиғоти пинҳонӣ ҷавонон метавонанд ба гурӯҳҳои ифротгаро пайваста, барои амнияти ҷомеа таҳдид эҷод намоянд», – баён дошт Рамазон Раҳимзода.

Дар робита ба ин масъала бояд гуфт, ки кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чанде қабл як далели таълимоти ғайрирасмии диниро ошкор намуданд, ки боиси нигаронии ҷомеа гардид.

Тибқи иттилои ин раёсат, гумонбар- сокини ноҳияи Вахш Абдулло Асламов дастгир карда шуд. Номбурда манзили истиқоматии шаҳрванд Низорамо Ҳайдарова, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанберо ҳар моҳ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба иҷора гирифта, дар шароити тангу торик ва ғайрисанитарӣ 13 нафар кӯдакони хурдсолро ба таълимоти ғайриқонунӣ фаро гирифтааст.

Бино ба гузориши пешниҳоднамудаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе,  кӯдакон дар ҳолати вазнини санитарӣ қарор дошта, бар асари беаҳамиятӣ ба қоидаҳои беҳдоштӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд. Муайян гардид, ки Абдулло Асламови 48-сола ин кӯдаконро аз ҳуқуқи қонунии таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва гашту гузор дар ҳавои тоза  маҳрум сохтааст.

Ҳамчунин маълум шуд, ки барои таълимоти ғайрирасмӣ аз ҳар кӯдак ҳар моҳ 3 ҳазор сомонӣ маблағ ситонида мешудааст. Аксари ин кӯдакон аз 3 то 8 моҳ бо падару модари худ вонахӯрда, танҳо тавассути телефон суҳбат мекардаанд. Тибқи тасдиқи гумонбар, дар ҳолати омода накардани дарсҳо ӯ бо химча ба дасту пойи кӯдакон мезадааст.

Дар наворе, ки аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе манзур гардид, кӯдакон изҳор доштанд, ки борҳо гурусна монда, ба корҳои вазнини хонагӣ, аз ҷумла тоза кардани ҳаммом ва ҳоҷатхона машғул шудаанд.

Падари яке аз ин кӯдакон зимни суҳбат иброз доштааст, ки давоми панҷ моҳ писарашро танҳо тавассути телефон дида, суҳбат мекардааст. Ба иттилои ӯ, ҳар боре ки барои хабаргирӣ ва аёдати фарзандаш омадан мехост, шахсе, ки худро «қорӣ» муаррифӣ мекард, ба ӯ мегуфтааст, ки омаданатон зарур нест, зеро  кӯдакон зиқ мешаванд.

«Гарчанде ки мо мехостем пайваста аз ҳолу аҳволи фарзанди худ бохабар бошем, «қорӣ» моро бовар мекунонд, ки ҳамааш хуб аст. Баъд аз он ки худамон аз наздик рафта, шароити нигоҳдории кӯдаконро дидем, фаҳмидем, ки онҳо ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд. Вазъи санитарии хона ва шароити ғизо бисёр нигаронкунанда будааст. Мо тасаввур ҳам намекардем, ки фарзандонамон дар чунин муҳит ба дарс машғул мешаванд. Аз он ки онҳоро мезадаанду гурусна мемондаанд, умуман огоҳ набудем», – изҳор намудааст падари кӯдак.

Падари ду кӯдаки дигар низ бо эҳсоси пушаймонӣ чунин гуфт: «Юсуфҷон, ки бояд дар айни замон дар синфи дуюм таҳсил кунад, ба мактаб намеравад ва ҳатто хондаю навишта наметавонад. Муҳаммадҷон низ мувофиқи синн бояд дар синфи панҷум таҳсил кунад, вале ӯ ҳам аз барномаи таълимӣ қафо монда, саводи кофӣ надорад. Мо аз амали худ сидқан пушаймонем, ки нисбат ба ояндаи фарзандонамон саҳлангорӣ кардем».

Абдулло Асламов, ки худро дар ҷомеа «мулло» ва ё «қорӣ» муаррифӣ намудааст, собиқаи доғдоркунандаи ҷиноятӣ доштааст. Мавсуф соли 2014 ҳангоми имомхатиби масҷиди ба номи Абубакри Сиддиқи ноҳияи Вахш будан барои муомилоти ғайриқонунии нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид. Ӯ тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Бояд гуфт, ки ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ вокуниши зиёд ба бор овард. Шаҳрванд Маҳмадшо Ҳоҷаев дар сомонаи иҷтимоии «Facebook» назари худро баён дошта, таъкид кардааст, ки масъулияти асосӣ, пеш аз ҳама, бар дӯши падару модарон мебошад.

«Имрӯз илму техника дар ҷомеа босуръат рушд мекунад ва аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ва мақомоти дахлдор пайваста зарурати таълиму тарбияи дурусти фарзандон таъкид мегардад. Мутаассифона, иддае аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва хурофоту ҷаҳолат рӯ меоранд», – ибрози андеша намудааст Маҳмадшо Хоҷаев.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ бар он назаранд, ки дар навбати аввал бояд падару модарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро онҳо дидаю дониста, тақдири фарзандони худро ба дасти ашхоси бесалоҳият супорида, ҳуқуқи конститутсионии онҳоро ба таҳсил поймол намуданд.

Корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ Фарида Абдураҳимзода масъалаи назорати муассисаҳои дахлдорро матраҳ намуда, иброз доштааст, ки бояд механизмҳои назоратӣ пурзӯр карда шаванд. «Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро масъулони маҳаллӣ ё муассисаҳои марбута аз вазъи кӯдаконе, ки муддати муайян берун аз маҳалли зисти волидайнашон қарор доранд, пурсон намешаванд? Чаро аз падару модар талаб карда намешавад, ки дар ҳолати иқомати муваққатӣ дар минтақаи дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсили фарзандонашонро пешниҳод намоянд? Ба андешаи ӯ, тақвияти ҳамоҳангӣ байни мактаб, волидайн ва сохторҳои масъул метавонад такроршавии чунин ҳолатҳоро пешгирӣ намояд.

Саволи дигари матраҳ ин аст, ки давоми ин ҳама муддате, ки ин кӯдакони синни мактабӣ ва болотар аз ин синн дар ин хона пинҳонӣ ба қавле «дарс» меомӯхтанд, муаллимон, кормандони соҳаи илму маориф чаро ин ҳолатро пайгирӣ накарданд? Чаро онҳо ба мактаб наомадани ин кӯдаконро пайхас ва ғоиб будани хонандагонашонро нафаҳмиданд? Ё ин кӯдакон дар қайди истиқомати ягон шаҳру ноҳия набуданд?

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбия ва дониш гирифтани шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон тибқи тағйироте, ки соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид гардид, таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 низ ҳатмӣ эълон карда шудааст. Пеш аз ин таҳсил танҳо аз синфи 1 то 9 ҳатмӣ буд. Ин тадбир ба хотири фарогирии пурраи хонандагон ба таҳсил ва пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои дур мондани онҳо аз мактаб мебошад.

Ҳамчунин соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид гардида, тибқи он таълими динӣ дар масҷидҳо ва назди руҳониёни маҳалла манъ шуда, танҳо ба муассисаҳои таълимии расмӣ ва волидайн иҷозат дода шудааст. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ барои гирифтани таҳсилоти расмии динӣ тамоми шароит муҳайё буда, аз ҷумла Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи махсусгардонида фаъолият менамояд.

Сарвари давлат дар робита ба ин масъалаи ташвишовар пайваста иброз менамоянд, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсон, ки ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ даст задаанд, дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд».

 «Вақте ки мову шумо фарзанд ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Мо фарзандонамонро бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунем, то касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Мазҳаби мо – мазҳаби ҳанафӣ ҳам ана ҳаминро талқин мекунад. Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол мекунад, яъне дар зиндагӣ доимо азият мекашад», – таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин.

Бояд гуфт, ки ин ҳодиса бори дигар зарурати таҳкими назорати ҷамъиятӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва масъулияти падару модаронро дар масъалаи таълиму тарбияи фарзандон таъкид менамояд. Таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсилоти босифат ва муҳити солими таълимӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, риояи қатъии қонунгузорӣ дар ин самт кафили ояндаи солими ҷомеа мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Март 2, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад