ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ

Март 18, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун яке аз муқаддастарин ва куҳантарин оинҳои тамаддуни ориёӣ ва ҷузъи гаронмояи мероси маънавии башарият, давоми ҳазорсолаҳо на танҳо рамзи эҳёи табиат, оғози гардиши нави зиндагӣ ва тантанаи рушноӣ бар зулмот, балки таҷассумгари ҷаҳонбинии амиқи фалсафӣ, ҳикмати азалии инсон дар шинохти низоми ҳастӣ ва оинаи равшани худшиносии миллӣ ба шумор меравад.

— Моҳияти аслии Наврӯз дар пайванди инсон бо табиат, дар арҷгузорӣ ба заҳмату созандагӣ, дар эҳтироми гузашта ва умеди созанда ба фардо таҷассум ёфта, онро ба ҷашне фаротар аз як маросими мавсимӣ табдил додааст.

Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суннати бузурги таърихӣ дар фазои нави давлатдории миллӣ бо шукуҳу шаҳомати тоза эҳё гардида, ҳамчун рукни муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса касб намуд. Маҳз бо сиёсати фарҳангпарварона, хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз нав бо тамоми азамат ва асолат ба саҳнаи маънавию иҷтимоии миллат баргашт, мақому манзалати таърихиашро боз ёфт ва ба ҳайси ҷашни муҳимми миллӣ ва падидаи эътирофшудаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Аз ин рӯ, таҳқиқи фалсафа, моҳият ва аҳамияти тамаддуниву иҷтимоии Наврӯз дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон на танҳо зарурати илмӣ, балки амри муҳимми худшиносӣ, худогоҳии таърихӣ ва шинохти амиқи рисолати фарҳангии миллати тоҷик дар масири давлатсозии навин мебошад.

Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад.

Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурифтихортарин ҷашнҳои башарият ба ҳисоб меравад, ки таърихи зиёда аз шаш ҳазор сол дорад. Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардумон таҷлил мегардад.

Басе рамзист, ки таҷлили имсолаи Наврӯзи оламафрӯз ба соли таърихиву хотирмон, яъне таҷлили 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон рост меояд ва имрӯзҳо ҳар гӯшаву канори диёри ободу озоди мо қабои идона гирифтааст.

Воқеан ҳам ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар мамлакати соҳибистиқлоли мо бо шукуҳмандии хос таҷлил мегардад, рамзи пайванди гузаштаву имрӯз ва идомаи суннатҳои неки ниёгон ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ на танҳо далели асли таърихии миллат аст, балки пайвандгари наслҳо ва таҷассумгари эҳёи беҳтарин расму оин ва анъанаҳои миллии мо мебошад.

Аҳаммияти иҷтимоӣ ва ахлоқии Наврӯз бисёр амиқ ва фарогир мебошад. Аз ин рӯ, онро танҳо ҳамчун василаи фароғат ё айёми шодиву сурур арзёбӣ кардан дуруст нест. Наврӯз бозгӯи сатҳи баланди тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум буда, ҳамзамон бо ҳаракати табиии кайҳонӣ ва вуруди соли нави мардуми ориёинажод иртибот дорад. Ин ҷашн рамзи бедории табиат, оғози марҳилаи нави зиндагӣ, оғози кишту кор ва пирӯзии рушноӣ бар торикӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, дар тамоми давру замон мардум фарорасии Наврӯзро ҳамчун муждаи нуру зиё, файзу баракат ва оғози зиндагии нав бо хушнудӣ интизор будаанд.

Агар каме ба саҳифаҳои таърих назар афканем, мебинем, ки қадимтарин сарчашмаи иди Наврӯз китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто» мебошад. Таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, чунонки дар «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, ба замони шоҳигарии Ҷамшеди Пешдодӣ марбут мебошад.

Вақте Ҷамшед тахти тиллоии худро сохт (аз рӯи «Шоҳнома» якумин тахт дар таърихи башарият будааст), пеш аз тулуи Офтоб онро ба кӯҳи баланд бурд. Ва чун Офтоб баромад, тахти тиллоӣ аз нурҳои хуршед ҷилва дода, мисли Офтоб дурахшид.

Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Шоҳони дигар ва раъият аз ӯ пайравӣ карданд.

Тамаддуни халқи мо ба ҷашни Наврӯз пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, Наврӯзро метавон оғози ташаккули фарҳанги мардуми мо донист, зеро аз замонҳои бостон то имрӯз бо арзишҳои волояш ба зиндагии мардум таровату зебоӣ мебахшад. Ин ҷашни куҳан беш аз панҷуним ҳазор сол аст, ки ҳамчун рӯзи муборак ва айёми шодиву нишот таҷлил мегардад. Барои миллати тоҷик Наврӯз саҳифаи сарнавишти таърихӣ мебошад, зеро ниёгони мо ҳатто дар душвортарин давраҳои таърихӣ низ ин ҷашни муқаддасро ҳифз карда, тавассути он руҳи умеду зиндагиро аз нав эҳё менамуданд.

Давоми асрҳо Наврӯз ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумони ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон нигоҳ дошта шуда, аз як насл ба насли дигар интиқол ёфтааст. Ин ҷашн танҳо нишонаи ивазшавии фаслҳо нест, балки таҷассумгари арзишҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ ва фарҳангии мардум низ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои шодбошӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз баён доштанд, ки «мо, ворисони тамаддуни ориёӣ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем. Ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт».

Бе муҳобот гуфтан ҷоиз аст, ки Истиқлолияти давлатӣ – ин саодати ҷовидона, ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷик насиб гардид, барои таҷлили пуршукуҳу шаҳомати ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз ва Наврӯзи ормонҳои навин шароити мусоид фароҳам овард.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба Наврӯзи таърихи навини мамлакат шабоҳат дод, зеро маҳз дар заминаи ин марҳилаи муҳим давраи бунёдкориву созандагӣ оғоз гардида, барои шукуфоии ҷомеа ва фаро расидани айёми баракату фаровонӣ асос гузошта шуд.

Мо миллати сарбаланду хушиқболи тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлати хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз мазмуну муҳтавои нав касб намуда, ба ҷашни дорои аҳаммияти бузурги байналмилалӣ низ табдил ёфт. Дар ин раванд саҳми бузурги Пешвои хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста мебошад.

Талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ба натиҷаҳои муҳим оварда расонд. Дар натиҷаи ин иқдом 30 сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз бо 76 унсури мероси ғайримоддии худ, ки аз фарҳанги давлатҳои гуногуни ҷаҳон маншаъ мегиранд, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарор дар бораи дохил намудани ин 76 унсури мероси фарҳангӣ аз ҷониби 24 давлати аъзои Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.

Бо ташаббус ва заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷашни Наврӯз ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун ҷашни тамаддунии халқҳои ҷаҳон эътироф гардид. Дар ҳамин замина 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълони 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул карда шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуда буд.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ва ормони олӣ ҷашнеро асос гузоштаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат, зебоиву нафосат ва бедориву заҳмат мебошад.

Қабули ин қатънома аҳаммияти бузурги фарҳангӣ ва сиёсӣ дошта, саҳми тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги тоҷиконро дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бори дигар собит намуд.

Худи ҳамон сол (соли 2010) бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, дар Тоҷикистон рӯзҳои 21-24 март Иди байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Тибқи тағйирот ба қонуни мазкур ин рӯзҳо дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат муқаррар карда шудаанд.

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар таъриху сарнавишти миллати мо ва меросбарони дигари ин анъанаи куҳан нақши муҳим дорад, ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ ва унсури муҳимми тамаддуни миллии ниёгони мо арзёбӣ мегардад. Дар масири таърих ин ҷашн инсониятро ба арзишҳои созандагиву бунёдкорӣ талқин намуда, барои эҷоди тарҳи нави зиндагӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав ҳидоят намудааст.

Имрӯз Наврӯз дар баробари Тоҷикистон дар даҳҳо давлатҳои дигари ҷаҳон низ таҷлил мегардад. Ин ҷашн мардумони гуногунмиллатро дар атрофи арзишҳои сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми фарҳангҳо муттаҳид месозад.

Ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат, ҷавҳари тобнок ва тантанаи ростиву накӯкорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ, оғози соли нави аҷдодӣ ҳамасола дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни ҷашнию варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумиву либосҳои миллӣ, озмуну фестивалҳо, карнавалу ҳамоишҳо ва амсоли онҳо баргузор гардида, хони наврӯзӣ ороста мешавад. Ин ҷашн на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

Боиси ифтихору сарафрозии мардуми тоҷик аст, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе соли 2011 бузургтарин ҷашнгоҳ- Наврӯзгоҳ, ки дар бунёди он аз сабки меъмории «Тахти Ҷамшед»-и Эрон (тақрибан 2500 сол пеш дар аҳди Куруши Бузургу Дорои якум сохта шудааст) истифода гардидааст, дар 28 гектар бо 11 ҳазор ҷойи нишаст ва соли 2014 боғи Наврӯзгоҳ бо шаршараи дорои баландии 22 метр дар 146 ҳазор метри мураббаъ сохта шудаанд, ки ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардаанд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» низ аз бузургтарин ва нодиртарин кохҳои ҷаҳон ва яке аз ҷозибаҳои Тоҷикистон аст, ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтааст. Кохи мазкур аз 12 толори ғайриодӣ иборат буда, ҳар кадоме бо сабки махсуси ҳунарҳои мардумии тоҷик сохта шудааст. Баландии маҷмааи «Кохи Наврӯз» 46 метр буда, масоҳати он бо боғу иморатҳои атрофаш се гектар мебошад.

Соли 2019 маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и Душанбе ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки бо иқдоми дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз падидаҳои зеботарини наврӯзӣ — сайри гули лола дубора бо таровишу зебоии латофатбахш эҳё гардид.

Инак аз соли 2019 инҷониб дар саросари мамлакат бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзкорӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист фестивали «Сайри гули лола» баргузор карда мешавад.

Шаҳри Душабе ва дигар минтақаҳои мамлакат дар рӯзҳои Наврӯз сабзу хуррам ва гулу гулзор мешаванд, ки аз дидани он сокинону меҳмонон лаззат мебаранд. Танҳо дар пойтахти мамлакат — Душанбеи гулрез ҳамасола аз 5 то 6 миллион тухми гули лола шинонида мешавад, ки ба пойтахтамон ҳусну тароват ва зебоии бештар мебахшанд.

Хушбахтона, вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳтирому эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мизбони даҳҳо конфронсу ҳамоишҳо, форуму фестивалҳо ва анҷуману симпозиумҳои байналмилалӣ зери унвонҳои «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ва ғайра гардида, садҳо олимону муҳаққиқон, адабиётшиносону фарҳангиён, рассомону гардишгарон ва сиёсатмадорону кишваршиносонро дар Ватани Наврӯз – Тоҷикистон дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дар рӯзҳои таҷлил аз он сарҷамъ намояд.

Ҳамин тавр, Наврӯз на танҳо ҷашни табиӣ, балки падидаи муҳимми фарҳангӣ ва маънавии башарият мебошад. Барои мардуми тоҷик он ҳамзамон рамзи таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон ҳамчун сарзамини бостонии тамаддуни ориёӣ дар ташаккул ва рушди фарҳанги Наврӯз нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар муҳити илмӣ ва фарҳангӣ гуфта мешавад, ки «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст». Дар ин сарзамин анъанаҳо ва расму оинҳои Наврӯз дар шакли аслӣ ва бо тамоми рангорангии фарҳангӣ то имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Тайёрӣ ба ин ҷашн чанд рӯз ва ҳатто ҳафтаҳо пеш оғоз мегардад. Яке аз суннатҳои муҳимми Наврӯз поксозии хона ва муҳити зист мебошад, ки онро «хонабаророн» меноманд. Ин амал рамзи поксозии руҳиву маънавӣ ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб меравад.

Аз суннатҳои дигари муҳимми Наврӯз оростани дастархони идона мебошад. Дар бисёр минтақаҳо дастархони «ҳафтсин» ё «ҳафтшин» ороста мешавад. Ҳар яке аз ин рамзҳо маънои махсус дорад ва фаровонӣ, саломатӣ, баракат ва хушбахтиро ифода мекунад.

Яке аз анъанаҳои машҳуртарини Наврӯз дар байни тоҷикон пухтани «суманак» мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида омода шуда, одатан шабона бо иштироки занону духтарон, бо танинандоз шудани сурудҳои суннатии наврӯзӣ ва бо орзуҳои нек омода карда мешавад. Суманак дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдоиши заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Лозим ба таъкид аст, ки 10 декабри соли 2025 зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Номинатсияи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.

Дар рӯзҳои Наврӯз инчунин баргузор намудани мусобиқаҳои миллӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, пойга ва бозиҳои дигари мардумӣ ба ҳукми анъана даромадаанд. Инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва кандакорӣ баргузор мегарданд, ки фарҳанги ғании тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.

Яке аз суннатҳои дигари муҳимми Наврӯз дидорбиниву аёдат ва эҳтироми калонсолон мебошад. Дар рӯзҳои ид мардум ба дидани падару модар, хешу табор ва ҳамсоягон мераванд, аз ҳоли якдигар бохабар мешаванд ва ба ҳамдигар таманниёти нек мекунанд. Ин амал рамзи эҳтиром, меҳрубонӣ ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.

Наврӯз аз даврони бостон то ба имрӯз чун ҷашни Соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор карда, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шодмонӣ ва файзу баракати тоза меорад. Тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруи тоза мебахшанд.

Соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он ҳамасола дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ва маконҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ гузошта мешавад.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва олимони дигари ҳавзаи Наврӯз аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 баён доштанд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагӣ қарор додаанд».

Дар ин замина Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвияти аҳамияти ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи он бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро дар пойтахти мамлакат амри зарурӣ донистанд.

Миллати тоҷик давоми таърихи деринааш худро маҳз бо шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун ҳалқи фарҳангсозу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст.

Ҳоло дар марҳилаи ҳассосу пурпечутоб ва замони ҷаҳонишавӣ танҳо миллату халқе метавонад худро ҷовидонӣ гардонад, ки таърихи куҳану фарҳанги пурғановат ва решаҳои тамаддуни гузашта дошта, ҳамзамон ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва адабиёти худ эҳтиром гузорад.

Дар иртибот ба ин меъёрҳо метавон гуфт, ки таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар таърихи чандинҳазорсола фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд.

Пас зарур аст, ки мо — ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ рисолати таърихӣ ва қарзи имониву шаҳрвандиро бештар аз пештар эҳсос намуда, ҳувият ва ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз бунёдкориву офарандагии ҳар сокини ҷумҳуриро дар заминаи Наврӯз ва дигар расму оинҳои ниёгон таҳким бахшем, аз истиқлолу ваҳдати комил ва давлатдории миллӣ воқеан ифтихор кунем, ҳама рӯзи зиндагии худ ва ҳастиву неруямонро барои анҷом додани амалҳои шоиставу созанда сарфу сафарбар намоем.

Дар фарҷоми ин баррасӣ бо ифтихор метавон таъкид намуд, ки Наврӯз барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик на танҳо ҷашни мавсимӣ, балки рамзи ҷовидонаи ҳастии миллӣ, таҷассуми руҳи шикастнопазири таърихӣ ва оинаи пурҷилои фарҳангу маърифати халқ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суннати муқаддасу мероси гаронмояи аҷдодӣ бо сиёсати бобарор ва миллатсозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати бесобиқа эҳё гардида, ба яке аз пояҳои устувори худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт. Имрӯз Наврӯз ҳамчун паёми саодат, муждаи эҳёи маънавӣ ва башорати фардои ободу дурахшон дар саросари Тоҷикистон танин меандозад; он ба қалбҳо нуру сафо, ба андешаҳо покиву созандагӣ ва ба руҳу равони мардум эҳсоси гарми ифтихор аз Ватан, садоқат ба давлат ва муҳаббат ба арзишҳои муқаддаси миллӣ мебахшад. Бо фарорасии Наврӯз гӯё на танҳо табиат, балки таърих низ аз нав бедор мешавад: замин ҷомаи сабзу шукуфон ба бар мекунад, фазо аз насими умед лабрез мегардад ва руҳи миллат бо неруи тоза ба сӯи қуллаҳои баландтари пешрафт ва шукуфоӣ раҳсипор мешавад. Наврӯз таронаи ҷовидонаи зиндагӣ, садои қалби миллат, рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва ваҳдат бар парокандагист. Ва то замоне ки ин чароғи муқаддас дар фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол фурӯзон аст, руҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва ин давлати ободу пешрафтаи биҳиштосо ҷовидона равшан ва поянда хоҳад монд.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Оне, ки фаромӯш буд, дар хонаи худ хуш буд,
Машҳуру забонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Аз дӯст ба номи дӯст, овард паёми дӯст,
Пайке зи амонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Мавсума МУИНӢ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих

Март 18, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид