«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад

Март 28, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 28.03.2026.  /АМИТ «Ховар»/. Нимаи якуми моҳи апрел дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи тартиби Низомномаи озмун, корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани давриҳои якум ва дуюм ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо гузошта мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»  аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— оҳангсозӣ-бастакорӣ;

— сарояндагӣ;

— навозандагӣ;

— санъати тасвирӣ;

— дизайн.

Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, идеяҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

Тибқи Низоиномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст. Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синну соли иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад