«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
РӮДАКӢ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари волои мардумӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба кӯча баромаданд.
Мақсади асосии баргузории ҳамоиш тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон мебошад. Баргузории ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамчунин ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва муаррифии симои фарҳангии миллат аҳамияти хосса доранд.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон баргузор гардида, нишон дод, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳтироми хосса зоҳир менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ










Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






