35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд

Апрель 19, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб бунёдкорию ободонӣ ва тоза намудани  кӯчаю маҳаллаҳо  идома доранд. Тибқи нақша дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҷамшед Ҳакимов  иброз намуд, барои   истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ– 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  сокинони деҳаи Корез ба ҳашари дастҷамъона баромада,  ҷӯю заҳбурҳоеро, ки  солҳои дароз  пур аз партов буданд,  тоза намуданд.

Ҳамчунин қубури обгузаре, ки  хонаҳои истиқоматии  сокинони ин деҳаро  бо оби ошомиданӣ  таъмин мекарду  ҳоло  корношоям гардидааст,  рӯзҳои наздик  бо дастгирии соҳибкорон   пурра ба қубури  нав иваз карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд