Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус озмоишгоҳи муштараки илмӣ таъсис медиҳанд

Апрель 14, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти озмоишгоҳи муштараки илмӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ин созишнома «Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ» таъсис дода мешавад.

Фаъолияти озмоишгоҳ ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ равона гардида, аз ҷумла таҳияи технологияҳои истихроҷи пайвастагиҳои унсурҳои нодирзаминӣ аз партовҳои саноатии фосфогипс ва партовҳои истеҳсолоти уран, арзёбии хавфҳои садамаҳои техногенӣ дар тӯдаҳои партов ва анборҳои нигоҳдории пасмондаҳо, таҳияи моделҳои геологӣ-иттилоотии ҳудудҳои аз ҷиҳати техногенӣ зери сарборӣ қарордошта, гузаронидани таҳқиқоти ҳисоббарорӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар ин самтро дар бар мегирад.

Дар назар аст, ки фаъолияти озмоишгоҳи муштарак ба платформаи муассир барои таҳияи роҳҳалҳои муосири илмӣ оид ба масъалаҳои амнияти техногенӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, назорати радиатсионӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва Беларус табдил ёбад.

Озмоишгоҳи нав дар ду пойгоҳи илмӣ-таълимӣ фаъолият мекунад- дар заминаи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар назди Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва дар факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар шаҳри Минск.

Инчунин дар доираи ин санади нави ҳамкорӣ даврҳои омӯзишии илмӣ, конфронсҳо, табодули кормандони илмӣ ва донишҷӯён, роҳбарии муштарак ба рисолаҳо ва корҳои таҳқиқотӣ, нашри натиҷаҳо дар нашрияҳои тақризшаванда, пешниҳоди дархостҳои муштарак барои грантҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ гузаронида мешавад.

Ин санад ба муҳлати панҷ сол ба имзо расида, принсипҳои ахлоқи илмӣ, шаффофият ва масъулияти зиддикоррупсиониро муқаррар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2025 Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ расман ҳамчун Маркази минтакавии таҷрибаи пешсаф ва беҳтарин дар самти амнияти ядроӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025–2029 муайян гардид.

Дар ин замина таъсиси озмоишгоҳи муштарак бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус ҷанбаҳои илмӣ, таълимӣ ва амалии ҷойгоҳи байналмилалии агентиро ба таври мантиқӣ тақвият мебахшад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 14, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад