Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ноиби президент, котиби корпоративии Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Шерард Каупер-Коулз доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин саҳми Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро дар маблағгузории лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», сохтмони роҳҳо ва пулҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи «сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи устувори захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ рушди устувори макроиқтисодиро нигоҳ дошта, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро идома медиҳад. Ҳамзамон ҳамкории мутақобили судманд бо шарикони байналмилалии рушд ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, таҳкими суботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон









Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд






