Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад

Апрель 10, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва рушди малакаҳои шуғл зимни вохӯрии аъзои  кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мауро Наподано баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти пешбурди ислоҳоти институтсионалӣ, такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар раванди буҷетӣ, инчунин таҳкими заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати буҷетӣ, буҷетбандии барномавӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва такмили инфрасохтори рақамӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Инчунин аҳаммияти лоиҳа дар самти рушди сармояи инсонӣ, такмили низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисон ва мутобиқ намудани малакаҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори муосири меҳнат низ таъкид карда шуд.

Иброз гардид, ки татбиқи чунин ташаббусҳо ба таҳкими назорати парламентӣ, баланд бардоштани сифати назорати буҷетӣ ва таъмин намудани истифодаи мақсаднок ва самараноки захираҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи ҳамкории созанда ва густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид