Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд

Апрель 16, 2026 13:40

  ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд. Бо ин мақсад дар ноҳия бунёди иншооти соҳаи маориф ва роҳу нақлиёт идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ дар деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳи дохили деҳа амалӣ гардиданд.

Дар доираи ин иқдоми муҳим бо ҷалби имконияти маҳаллӣ ва саҳми арзандаи соҳибкорону сокинони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ пурра таъмир ва мумфарш карда шуд. Ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, роҳ мутобиқ ба талаботи муосир ба истифода дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди бунёдкориҳо Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мусоидат менамояд. Ҳамзамон ин иқдом намунаи равшани ҳамкории судманд байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ идома дорад. Бунёди чунин иншооти соҳаи маориф дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Апрель 16, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд