Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад

Апрель 19, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти Патар раванди сохтмони коргоҳи бастубанди меваи хушк идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, барои коркард ва бастубанди меваҳои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

Бунёди чунин коргоҳ имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ коркард шуда, ҳам бозори дохилӣ таъмин ва ҳам содироти он ба кишварҳои хориҷӣ густариш ёбад. Аз ҷумла, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Истиқлол» фаввораҳо бунёд шудаанд, ки ба истироҳати сокинон мусоидат менамояд.

Дар айни замон боғи мазкур дар масоҳати тақрибан 2 гектар бунёд гардида, дорои зиёда аз 20 намуди аттраксион, фаввораҳои замонавӣ, нишастгоҳҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ мебошад. Боғ ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил ёфта, махсусан дар шомгоҳон шумораи зиёди шаҳрвандон барои истироҳат ба ин ҷо меоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 19, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд