Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Апрель 14, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 апрел дар ҷумҳурӣ зиёдшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво 15-16 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) ба амал меояд. Чунин ҳавои ифлос 17 ва 18 апрел дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд низ пешгӯӣ мешавад.

Дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

15 апрел дар водиҳои ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.

Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия (ҳассосият) авҷ мегиранд. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Шахсоне, ки дорои бемориҳои мавсимӣ мебошанд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо бояд дар беруни биноҳои истиқоматӣ камтар гарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд