Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 апрел бо сабаби бориши борон дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел пешгӯӣ мешавад. Инчунин 23 апрел дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши бошиддати борон дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. 24 ва 26 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. 24-26 апрел ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 31 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бориши борон дар назар аст. 24 ва 26 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. 26 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






