Дар Бишкек ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории байнибонкӣ дар равандҳои молиявии минтақавӣ аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) дар шаҳри Бишкек баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».
Дар ҷаласа роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуд.
Иштирокдорони ҷаласа дурнамо ва самтҳои калидии рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2027–2031, аз ҷумла масъалаҳои рақамикунонӣ ва татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» (ESG)-ро баррасӣ намуда, оид ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ташаккули равишҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи ҷаласа мулоқоту суҳбатҳои дуҷониба бо намояндагону масъулини бонкҳои ҳамшарик, масъалаҳои марбут ба дарёфти роҳҳо ва усулҳои нави ҳамкорӣ муҳокима шуданд. Ҳамзамон нуқтаҳои тамос барои густариши робитаҳои минбаъда муайян гардиданд.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими мавқеи «Амонатбонк» дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки молиявӣ аҳамияти муҳим доранд.
АКС: «Амонатбонк»








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






