Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст

Апрель 27, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2016 инҷониб шумораи одамоне, ки дар саросари ҷаҳон бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ ҳастанд нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки ҳолатҳои гуруснагии шадид ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин омор натиҷаи Гузориши ҷаҳонии буҳронҳои озуқаворӣ (GRFC) 2026 мебошад, ки аз ҷониби ниҳодҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) таҳия шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Anadolu”.

Дар соли 2025 маротибаи аввал дар таърихи гузориш, ду ҳолати гуруснагии фалокатбор — дар Навори Ғазза ва қисматҳои Судон эълон гардида буданд. Мувофиқи низоми таснифоти марҳилаи амнияти озуқаворӣ (IPC), вазъият дар ин минтақаҳо дар марҳилаи баландтарин, яъне панҷум қарор доштааст.

Мувофиқи дараҷаи умумии қабулшуда, панҷ марҳилаи гуруснагии шадид вуҷуд дорад, ки марҳилаи сеюм таҳдид ба саломатӣ ва ҳаёт дошта, ба кӯмаки башардӯстона ниёз дорад. Даҳ кишвар — Афғонистон, Бангладеш, Ҷумҳурии Демократии Конго, Мянмар, Нигерия, Покистон, Судони Ҷанубӣ, Судон, Сурия ва Яман — ду -се ҳиссаи аҳолии умумиро ташкил медиҳанд, ки бо сатҳи баланди гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Афғонистон, Судони Ҷанубӣ, Судон ва Яман бузургтарин буҳронҳои озуқавориро аз сар гузарониданд. Тибқи гузориш, дар соли 2025 дар маҷмӯъ 266 миллион нафар дар 47 кишвар/қаламрав сатҳи баланди ноамнии шадиди озуқавориро аз сар гузаронданд, ки тақрибан 23 фоизи аҳолии таҳлилшударо ташкил медиҳад. Ин тақрибан ду баробар аз таносуби сабтшуда дар соли 2016 аст. Норасоии шадиди ғизоӣ як мушкили ҷиддӣ ва афзоянда боқӣ мемонад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «танҳо дар соли 2025-ум 35,5 миллион кӯдак аз норасоии ғизо, аз ҷумла қариб 10 миллион кӯдак аз норасоии шадиди ғизо азият мекашидаанд».

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа