Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд

Апрель 29, 2026 18:00

РОҒУН, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи Ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун се муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини ҷамоати Қади оби шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бунёд шуда, дар ҳар муассиса 36 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар айни замон кӯдакистони деҳаи Қалъаи нав бо фарогирии 36 кӯдак фаъолият дорад. Кӯдакистонҳои деҳаҳои Чормағз ва Ҷавонӣ пас аз дуруст шудани ҳуҷҷатгузории молиявӣ кӯдаконро қабул менамоянд.

Ин муассисаҳои томактабӣ дорои ошхонаҳои замонавӣ, толори мусиқӣ ва хуҷраҳои хоб буда, бо мизу курсӣ, катҳои хоб ва бозичаҳои гуногун таъмин мебошанд.

Модари тарбиятгирандаи кӯдакистони деҳаи Қалъаи Нав Шаҳринисо Юсупова иброз дошт, ки “дар даврони собиқ дар деҳаи мо кӯдакистон набуд. Сокинони деҳаи мо наметавонистанд кӯдаконашонро ба муассисаҳои томактабӣ барои забономӯзию донишандузӣ баранд. Ҳоло дар деҳаи мо кӯдакистонҳои замонавӣ бунёд шуда, фарзандони мо аз хурдсолӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд”.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати Қади оби шаҳри Роғун бунёди 41 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 31 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.

Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) бо саҳми соҳибкорону сокинон 6 км роҳи деҳаи Ҷавонӣ мумфарш ва ҷӯйборҳои роҳҳои деҳаҳои Қалъаи нав ва Куло бетонпӯш гардиданд. Бо фаро расидани фасли тобистон 4 км роҳи ин деҳаҳо мумфарш карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд