Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази зеҳни сунъӣ ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 27, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази зеҳни сунъӣ ба истифода дода шуд. Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро бо амалия пайваста, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Маркази зеҳни сунъӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) иброз намуданд, ки «пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».

Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар роҳи татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ ва ҳамқадам гардидани донишгоҳ бо равандҳои муосири илму техника мебошад. Инчунин марказ ба тақвияти иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон фаъолияти марказ ба баланд бардоштани сатҳи таҳсил, рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои рақобатпазири соҳа ва татбиқи натиҷаҳои он дар соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 27, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд