Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса Элза Пинёл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сенатори Фаронса Эрве Морэ низ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои нақши дипломатияи илмӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии экологиро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар самти ҳалли масъалаҳои об ва иқлим саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл зимни маъруза дар мавзуи «Ҳамкории Ҷумҳурии Фаронса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаммоҳои обу иқлим» аз таҷрибаи ҳамкории дуҷониба ёдовар шуда, омодагии Фаронсаро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои идоракунии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи барномаҳои муштарак таъкид намуд.
Ҳамоиш дар фазои илмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид. Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда дар самти ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ ва таъмини рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






