Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз шуд

Апрель 14, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ расман ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Форумро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода оғоз намуда, иброз дошт, ки дар барномаи форум таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳое бахшида мешавад, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист равона гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

«Форум бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Он платформаи бисёрзинагии байналмилалие мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад», — афзуд Убайдулло Асрорзода.

Сипас дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, раиси донишгоҳҳои «Сабз»-и Индонезия Вишну Ҷувоно, ректори Донишгоҳи Хушалхон Хаттаки Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Тоҳир, ректори илмҳои дақиқи Саккарии Туркия Мехмед Сарибийик, Президенти Академияи сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи Русия Олга Пирогова, директори Академияи баҳрии Осиё ва Уқёнуси Ороми Филиппин Анжелика Байлон сухан намуда, доир ба нақши ҳамкории байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки форум ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба, пешниҳоди ташаббусҳои нав ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди сабз, технологияҳои рақамӣ ва идоракунии ҳушманд хизмат намуда, ба густариши ҳамкории бисёрҷониба байни давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи форум саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин дигар чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид