Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд

Апрель 11, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  10 апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи «Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12-солаи таълим» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки масъалаҳои баррасишаванда воқеан барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ доранд. Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд.

Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли 2024 баён гардиданд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар ҳамоиш муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода доир ба ваъзи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мамлакат, инчунин тадбирҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва чораҳои ҳамкории байниидоравӣ сухан гуфт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд