Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид

Апрель 9, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе бо мақсади арзёбии ҷараёни иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон (СИДО/CEDAW) ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Татяна Тсуркан ва бо иштироки аъзои Иттиҳоди занон дар назди Маҷлиси намояндагон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир шуд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Ҳукумати  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ ва таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ ва таъмини сиёсати самарабахши гендерӣ санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро тасдиқ намуд. Дар заминаи Конститутсия даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки муносибатҳоро барои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардон ва занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат танзим намуданд», -афзуд Мавсума Муинӣ.

Таъкид шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба санадҳои зерқонунӣ дар Тоҷикистон воқеан заминаи муҳимми ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт. Инчунин “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 10 нафар ё 31 фоиз ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар ё 29 фоизро ташкил медиҳанд, ки аз даъвати гузашта мутаносибан 2 ва 4 нафар зиёд мебошанд.

Бояд иброз намуд, ки дар айни замон дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро занон ташкил медиҳанд.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки барои ноил шудан ба ояндаи устувор дар шароити вусъат ёфтани тазодҳои иҷтимоӣ вакилони парлумон кӯшишҳоро дар якҷоягӣ бо шарикони минтақавию байналмилалӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занону ҷавондухтарон, ҳуқуқҳои саломатии репродуктивӣ ва тавонмандсозии занон тавассути такмил ё ҷорӣ намудани қонунҳои муассир равона менамоянд.

Кори ҳамоиш дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, иштирокдорон доир ба  амалишавии тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон  (СИДО/CEDAW), дастовард ва мушкилот дар рафти татбиқи он маъруза ва мубодилаи афкор намуданд.

Пешниҳодҳо барои боз ҳам устуворнамоии нақши занон дар ҷомеа ва бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон ба тақвияти худшиносии занон ва баланд бардоштани фаъолияти касбию ҷамъиятии онҳо тавассути қабули қонунҳои миллӣ ё такмили онҳо мусоидат мекунанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 9, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ