Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад

Апрель 20, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни пуршукуҳи миллӣ- 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботи комили сиёсӣ дар вилояти Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда шавад. Чунин иброз дошт Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 18 апрел зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

Дар вохӯрӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ, аз ҷумла байни ҷавонону ноболиғон, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Гуфта шуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин дар ин самт бояд байни ҷавонону ноболиғон вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ тақвият бахшида шавад.

Ҳамзамон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ шуъбачаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баъди анҷоми таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. Шуъбача бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардидааст.

Дар шафати бино майдончаи нави футбол низ ба истифода дода шуд, ки дар рушди варзиш байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани руҳияи онҳо нақши муҳим мебозад.

АКС: Вазорати корҳои дохилӣ

Апрель 20, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид