Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд

Апрель 3, 2026 14:15

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази мониторинги сейсмикӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Ҳадафи асосии Маркази мониторинги сейсмикӣ ба роҳ мондани мониторинги шабонарӯзии сейсмикӣ ба ҳисоб рафта, сабт ва коркарди ҳама ҳодисаҳои сейсмикиро дар Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time), муайян намудани координатаҳои манбаи заминларза (эпитсентр), чуқурӣ ва магнитудаи он бо истифода аз годографҳои маҳаллӣ, инчунин ташкил ва пешбурди пойгоҳи додаҳои сейсмикӣ барои таҳқиқоти илмии оянда ва омӯзишу тайёр намудани кадрҳои ҷавони техникӣ ва илмиро дар бар мегирад.

Дар айни замон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ ду навъи стансияҳои сейсмикӣ барои сабти заминларзаҳо ва муайян намудани параметрҳои онҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, стансияҳои рақамии васеъдиапазони сейсмикӣ барои сабти пайваста ва дақиқи доираи васеи ларзишҳои сейсмикӣ (аз заминларзаҳои дур то микроларзишҳо) пешбинӣ гардида, маълумоти бадастомада барои муайян ва баҳогузории режими сейсмикии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, омӯзиши сохтори геологии Замин, фаъолияти шикастҳои тектоникӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муҳандисию геологӣ истифода бурда мешавад.

Ҳамзамон таҷҳизот ба сабти ларзишҳои шадиди сейсмикӣ (акселерометрҳо) нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки ларзишҳои сахти замин ва вибратсияи сохтмонҳо ҳангоми заминларза ба таври миқдорӣ ба қайд гирифта шаванд. Ин таҷҳизот суръат ва тезшавии мавҷҳои сейсмикиро дар замин сабт намуда, барои баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, таҳлили рафтори биноҳо, тарҳрезии иншооти ба заминларза устувор ва инчунин огоҳсозии бармаҳал аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла фурӯравии инфрасохтор ва лағжиши кӯҳпораҳо истифода мегардад.

Иқдоми Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таъсиси Маркази мониторинги сейсмикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар таърихи 75-солаи академия бори нахустин аст. Он дар самти таҳкими инфрасохтори илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди соҳаи сейсмология дар ҷумҳурӣ қадами муҳим маҳсуб мешавад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи омӯзишу таҳқиқоти равандҳои сейсмикӣ, таъмини амнияти сейсмикӣ ва омодагии муассир ба ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 3, 2026 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд