Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад

Апрель 21, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар  деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ сохтмони беморхонаи минтақавӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Беморхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 20 кат пешбинӣ гардидааст. Он аз 6 шуъба иборат буда, дар он барои ташхису табобати босифати беморон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ба сохтмони ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ беш аз 6 миллион сомонӣ равона гардида, баъди ба истифодадиҳӣ он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ пурра таъмин хоҳад шуд.

Бунёди чунин иншоот дар деҳаҳои  дурдаст ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.

Дар деҳаи Такфон навсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 низ идома дорад. Муассиса дорои низоми мустақили гармидиҳӣ буда, аз панелҳои офтобӣ низ самаранок истифода мебаранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин деҳа муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ бунёд мегардад. Кӯдакистон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» барои 120 кӯдак сохта мешавад.

Ҳамзамон дар шаҳраки Зарафшон бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фон-Яғноб» бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бунёд ва дар он барои хонандагон шароити муносиби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 21, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид